Масъалаҳои такмили низоми нишондиҳандаҳои калидии самаранокӣ (KPI) барои арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд баррасӣ шудаанд. Зарурати гузариш аз модели анъанавии идоракунӣ ба модели ҳадафманд асоснок намуда, нақши KPI ҳамчун абзори калидӣ дар таъмини рушди устувори минтақавӣ ва шаффофияти идоракунӣ таъкид шудааст. Динамикаи нишондиҳандаҳои демографӣ, сатҳи шуғл ва музди меҳнат дар вилояти Суғд дар солҳои 2020-2024 мавриди таҳлили оморӣ ва иқтисодӣ қарор гирифтаанд. Дар асоси таҳқиқот, истифодаи формулаҳои мушаххас барои андозагирии устувории демографӣ, маҳсулнокии меҳнат, музди меҳнати воқеӣ ва сифати институтсионалии идоракунӣ пешниҳод шудааст. Навоварии асосии кор дар таҳияи матритсаи сесатҳаи KPI (натиҷа, маҳсул, захира) ва пешниҳоди ҷорӣ намудани он дар заминаи платформаҳои «Ҳукумати электронӣ» ифода меёбад. Татбиқи ин пешниҳодҳо имкон медиҳад, ки робитаи мустақим байни ҳадафҳои стратегӣ ва натиҷаҳои воқеии иҷтимоию иқтисодӣ барқарор гардида, модели мазкур ҳамчун намуна барои дигар минтақаҳои Тоҷикистон истифода шавад.
нишондиҳандаҳои калидии самаранокӣ (KPI); матритсаи сесатҳаи KPI; вилояти Суғд; идоракунии ҳадафманд; рушди минтақавӣ; стратегия; самаранокӣ; шуғл; музди меҳнат; ҳукумати электронӣ
1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2025. – Душанбе, 2025. – 520 с.
2. Ансофф И. Стратегическое управление. – Москва: Экономика, 2019. – 358 с.
3. Каплан Р., Нортон Д. Сбалансированная система показателей. – Москва: Олимп-Бизнес, 2020. – 320 с.
4. Друкер П. Эффективное управление. – Москва: Вильямс, 2018. – 304 с.
5. OECD. Measuring the Digital Transformation: A Roadmap for the Future. Paris: OECD Publishing, 2019. - 215 p.
6. European Commission. Regional Policy and Performance Measurement. Brussels, 2022. - 184 p.