Талабот ба таҳияи мақолаҳо (обзорҳо, тақризҳо), ки ба маҷаллаи илмию назариявии «Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» барои чоп ирсол мегарданд

 

  1.     Шартҳои нашри мақола:

·        Мақолаи ба нашр пешниҳодшаванда бояд тадқиқоти  мустақил ва ба охиррасидае бошад, ки  таҳқиқи аз томияти дохилӣ бархурдори  масъалаи  муҳимбуда бо инъикоси  бо масъалаҳои муҳим ва ояндадори самтҳои улуми ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт ва сиёсатшиносӣ дар сатҳҳои байналхалқию миллӣ марбут аст; мақола бояд навовариҳо, гузоришу ҳалли  масъалаҳо (проблемаҳо)-ро доро бошад; натиҷаҳои асосии таҳқиқотро инъикос кунад.

·         Ба қоидаҳои ба расмиятдарории мақолаҳо мувофиқат кунад.

2. Қоидаҳои ба расмиятдарории мақола:

·        мақола дар шакли чопӣ ва дар ҳомили электронӣ (тавассути  e-mail ё дар диск) дар формати  А4, бо шрифти MicrosoftWord, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5, қолаббандӣ  тибқи паҳно; ҳошия 20 мм пешниҳод карда мешавад. Ҳаҷми мақола: то 20 саҳифа барои  аспирантону унвонҷўён,  ҳамчунин  барои муаллифоне, ки дорои унвони номзад ё  доктори илмҳо мебошанд;

·        ба мақола  чакида дар ҳаҷми аз 100 то 110 калима, ки  мўҳтавои асосии мақола  ва натиҷаҳои тадқиқотро инъикос мекунанд, ҳамчунин 5-7 вожаҳо ва ибораҳои калидӣ замима мегардад;

·        дар мақола бояд ҳаволаҳо ба сарчашмаҳои мавриди истифода мавҷуд бошанд, ки тибқи феҳристи сарчашмаҳои дар охири он оварда дар қавсайн сабт мешаванд.

·     пайнавишт бояд тибқи тартиби иқтибосоварӣ аз сарчашмаҳо ба расмият дароварда шавад; зикр намудани маълумоти китобшиносӣ ҳатмӣ аст.

·        ба мақола  маълумот дар бораи муаллиф (он): ному насаб (пурра), дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, мансаб, ҷойи кор (ҷойи таҳсил ё унвонҷўйӣ), телефонҳо барои тамос, e-mail, индекси почта  ва суроға бо забонҳои русиву англисӣ замима мегардад.

·        муаллиф бояд матни  мақоларо бо диққат мутолиа намуда, имзо намояд; масъулияти сатҳи илмиву назарии маводи мавриди нашр  ба дўши муаллиф аст.

3. Ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ба мақола:

·        матни мақола дар коғаз  ё ҳомили электронӣ ба идораи маҷалла  ба суроғаи зерин ирсол мегардад: 735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, хонаи №1, ДДҲБСТ - сармуҳаррир – Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва котиби масъули маҷалла Абдумавлон Самеев, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

·        муаллифон ҳамчунин тақризи  имзокардаи муқарриз ва  бо мўҳри муассиса тасдиқкардаро, ки муҳиммияти  масъала ва саҳми муаллифро  дар ҳалли  проблемаи мавриди таҳқиқ инъикос мекунад, ирсол менамояд; дар тақриз ҳамчунин  бояд тавсия дар бораи чопи мақола дар маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ, силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» мавҷуд бошад.