Чакида (фишурда) ба нашрияи даврӣ манбаи иттилоот дар бораи муҳтавои мақола ва натиҷаҳои таҳқиқоти дар он баёнгардида маҳсуб мешавад. Чакида вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
· имкон медиҳад, ки муҳтавои асосии ҳуҷҷат муқаррар карда шавад, зарурати ба матни пурраи ҳуҷҷат муроҷиат кардан ё накардан муайян карда шавад;
· дар бораи ҳуҷҷат иттиллоъ медиҳад ва зарурати хондани матни пурраи ҳуҷҷатро дар мавриде, ки мақола барои хонанда аҳаммияти аввалиндараҷа надорад, аз байн мебарад.
· дар низомҳои иттилоотӣ, аз ҷумла худкор барои ҷустуҷўи ҳуҷҷат ва иттилоъ истифода мешавад.
Чакидаи мақола бояд:
· ахборӣ бошад (орӣ аз умумигўйӣ бошад);
· аслӣ бошад;
· муҳтавоӣ бошад (мундариҷаи асосии мақола ва натиҷаҳои тадқиқотро инъикос намояд);
· мўҷаз (ҳаҷмаш аз 100 то 250 калима) бошад;
Чакида ҷанбаҳои зерини муҳтавои мақоларо дар бар мегирад:
· ҳадаф ва мақсади кор
· усул ва методологияи тадқиқот;
· натиҷаҳои тадқиқот;
· соҳаи татбиқи натиҷаҳо;
· хулосаҳо.
Пайдарпайии баёни муҳтавои мақоларо тағйир додан мумкин аст.
Муаллиф метавонад баёни матлабро аз натиҷаю хулосаҳои кор оғоз намояд.
Ҳадаф, мавзуъ ва мақсади кор танҳо дар мавриде зикр карда мешаванд, ки агар ин матлабҳо дар сарлавҳаи мақола инъикос наёфта бошанд
Натиҷаҳои кор ҳатталимкон дақиқу пурмуҳтаво тавсиф мегарданд. Зимнан ба натиҷаҳои нав ва додаҳои аҳаммияташон дарозмуддат, кашфиёти муҳим, хулосаҳое, ки назарияҳои мавҷударо радд менамоянд, ҳамчунин додаҳое, ки ба фикри муаллиф дорои аҳаммияти амалианд, афзалият дода мешавад.
Ба хулосаҳо тавсияҳо, арзёбиҳо, пешниҳодҳо, фарзияҳоеро, ки дар мақола тавсиф шудаанд, замима кардан мумкин аст.
Дар чакида маълумоти таърихӣ, агар он муҳтавои асосии ҳуҷҷатро ташкил накунад, тавсифи тадқиқоти қаблан чопшуда ва муқаррароти ба ҳамагон маълум набошад, оварда намешавад.
Дар матни чакида конструксияҳои синтаксисиеро, ки ба забони асарҳои илмӣ хос аст, истифода бурда, аз корбасти конструксияҳои мураккаби грамматикӣ канораҷўйӣ намудан, лозим аст.
Дар матни чакида вожаҳои калидии мақоларо истифода бурдан ба манфиати кор аст.