ҚОИДАҲОИ ТАҲИЯИ МАВОДДИ ИЛМӢ
Мақолаи илмии назариявие, ки барои нашр ба маҷаллаҳои илмии тақризшаванда пешниҳод мешаванд, бояд дорои сохтори зерин бошад:
Муқаддима. Муқаддимаи мақолаи илмии назариявӣ бояд аз унсурҳои зерин иборат бошад:
Оғоз. Дар ин қисми муқаддима муҳиммияти омӯзиши мавзуъ нишон дода мешавад. Аз рӯйи ҳаҷм 1-2 сархат ё 1-2 саҳифа. Ҳаҷми ин қисм аз мураккабии масъалаи таҳқиқшаванда вобастагӣ дорад.
Тавсифи мухтасари омӯзиши масъала дар илм ва асоснок намудани зарурати омӯзиши мавзуъ. Ишора намудан ба адабиёти илмие, ки дар онҳо паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур баррасӣ шудаанд. Ин қисмро ҳатто асосҳои назариявии таҳқиқот низ номидан мумкин аст. Яъне, методология, консепсия ва назарияҳое ёдоварӣ мешаванд, ки муаллиф ба онҳо такя намудааст.
Мақсади таҳқиқот. Дар баробари мақсади таҳқиқот инчунин фарзияи таҳқиқот низ пешниҳод карда мешавад. Баъзан вақт барои мушаххастар шудани сохтори мақола саволҳои таҳқиқотӣ низ мегузоранд. Зарурати омӯзиши мавзуъ замоне асоснок мегардад, ки агар дар омӯзиши мавзуъ холигии илмӣ мавҷуд бошад.
Методҳои таҳқиқот. Дар ин қисми муқаддима методҳои умумиилмӣ ёдоварӣ намешаванд, баръакс агар муаллиф таҳқиқоти худро бо методи мушаххаси худ анҷом дода бошад, онро метавонад тасвир ва тавсиф намояд (унсури тавсиявӣ).
Қисми асосӣ (метавонад зермавзуъҳои худро дошта бошад, яъне аз масъалаҳои таркибии мавзуъ вобаста аст). Қисми асосии мақолаи илмии назариявӣ бояд аз унсурҳои зерин иборат бошад:
Таҳлил ва тавсифи адабиёти илмӣ. Тавсифи адабиёт ё ин ки тавсифи масъалаҳои ҷудогона бояд хронологияи мантиқӣ дошта, меъёрҳои интихоби адабиёт ёдовар гардад. Зимнан, нишон додани муаллифони асосӣ ё методикаи интихоби адабиёт мувофиқи мақсад аст.
Муҳокимаронӣ. Дар ин қисм натиҷаҳои таҳқиқот бояд шарҳ дода шаванд. Бояд нишон дода шавад, ки мақсади таҳқиқот амалӣ шуд ё нашуд, фарзияи таҳқиқот дуруст аст ё нодуруст.
Маҳдудиятҳои таҳқиқот. Нишон дода мешавад, ки дар раванди таҳқиқот чи мушкилиҳое мавҷуд буданд ва бо кадом сабабҳо муаллиф натавонист корҳои дигарро анҷом диҳад (унсури тавсиявӣ).
Хулоса. Хулоса аз рӯйи ҳаҷми худ аз 1 то 2 саҳифаро ташкил медиҳад. Дар хулоса натиҷаҳои таҳқиқот ба таври мухтасар баён карда мешаванд ва аҳамияти он барои рушди илм баён мегарданд. Дар хулоса муаллиф метавонад таҳқиқоти минбаъдаи масъаларо низ нишон диҳад. Яъне барои омӯзиши масъала боз кадом корҳоро анҷом додан мумкин аст. Хонанда аз хулосаи мақола бояд муайян карда тавонад, ки мақсади таҳқиқот амалӣ шудааст ё не, фарзияи таҳқиқот дуруст аст ё не (унсури ҳатмӣ).
Рӯйхати адабиёти истифодашуда.
Ба мақолаҳои илмӣ илова бар матни мақола бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) маълумотҳои зерин таҳия карда мешавад:
Номи мақола. Номи мақола бо мазмуни дохилии мақола бояд мувофиқат намояд.
Аффилятсия (маълумоти муфассал дар бораи муаллиф: насаб, ном, номи падари муаллиф, унвонҷӯйи кафедра ё шуъба (агар унвонҷӯ бошад), доктор PhD кафедра ё шуъба (агар докторанти PhD бошад), докторанти кафедра ё шуъба (агар докторанти анъанавӣ бошад), ҷойи кори асосӣ, вазифаи ишғолнамуда (барои онҳое, ки унвонҷӯ, докторанти PhD ё докторанти анъанавӣ нестанд), суроғаи ҷойи кор, телефон, почтаи электронӣ).
Аннотатсия (фишурдаи мақола). Дар охири мақола «Аннотатсия», ки барои интишор ва истифодаи иттилоот оид ба мақола пешбинӣ шудааст, ҷой дода мешавад. Ҳаҷми «Аннотатсия» набояд аз 150 калима зиёд бошад. Аннотатсия аз сарлавҳа, феҳристи калимаҳои калидӣ ва матн иборат мебошад. Дар сарлавҳаи калимаи «Аннотатсия» насаб, ном ва номи падари муаллиф ва номи мақола оварда мешавад. Калимаҳои калидӣ (то 15 калима) оварда шуда, бо ҳарфҳои хурди алифбо дар сатр баъди гузоштани вергул чоп карда мешавад. Матни «Аннотатсия» бояд мақсад, методҳои таҳқиқот ва таҷҳизоти истифодагардида, натиҷаҳои бадастомада ва навгонии онҳо, тавсияҳоро оид ба истифода ва соҳаи истифодаи онҳо инъикос намояд. Ҳангоми бозгӯ намудани маводди «Аннотатсия» бояд сохтори синтаксисии бо забони ҳуҷҷатҳои илмӣ хосбуда ва истилоҳоти меъёршуда истифода шуда, аз корбурди ибораҳои душворфаҳми грамматикӣ ва рамзҳои нодиру ғайримаълум худдорӣ гардад. «Аннотатсия» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.
То 7 калимаҳои калидӣ оварда шуда, бо ҳарфҳои хурди алифбо дар сатр баъди гузоштани вергул чоп оварда мешаванд.
Мақола бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ бо истифодаи барномаи MS Word (ҳуруфи Times New Roman, тоҷ, андозаи ҳуруф – 14, фосила – 1,5) ҳуруфчинӣ шуда, дар 2 нусхаи чопии як тарафи қоғази формати А4 бо нусхаи ҳатмии электронии мақола ба маҷаллаҳои илмии тақризшаванда пешниҳод карда мешавад. Ҳошияи стандартӣ, рақамгузории иқтибосҳо дар матни мақола тибқи тартиби иқтибосоварӣ, сарчашмаҳои иқтибосшаванда дар охири мақола оварда мешаванд.