Одоби нашру таҳрири силсилаҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарии маҷаллаи “Ахбори ДДҲБСТ” ҳангоми чопи мақолаҳо ба як қатор принсипҳои роҳбарикунанда асос меёбад.

 Ҳайъати таҳрири маҷалла кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба сирқат ва худсирқати мақолаҳо роҳ надиҳад. Ба ин мақсад аслияти ҳар мақола дар сомонаи “Антиплагиат.Вуз” тафтиш карда мешавад. Ҳамчунин барои пешгирии додаҳои қалбакию ҷаълӣ саъю кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Барои таъмини нашри мунтазам ва саривақтии (дар як семаҳа як бор) маҷалла кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

Ба ҳар як мақола чакида ва калидвожаҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ, ки онҳоро муаллиф тартиб медиҳад, замима мегардад. Дар маҷалла обзору тақризҳо низ чоп карда мешаванд. Ҳар як мақола аз тақризи пешакӣ гузаронида мешавад, ки зимни он муаллиф номи муқарриз ва муқарриз номи муаллифро намедонад. Ҳар як дастхатти ба тақриз пешниҳодгардида ҳуҷҷати ифшонопазир маҳсуб мешавад.

Мақолаҳои пешниҳодгардида бояд  ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

-         ба самти илмии маҷалла мувофиқ бошад;

-         ба мақсаду вазифаҳои ба миёнгузошта мувофиқат кунад;

-         бояд ба аудиторияи муайяни щадафманд равона шуда бошад.

Мақолаи ба маҷалла пешниҳодгардида бояд таҳқиқи мустақилона ва мубрами муаллиф буда, қаблан дар нашрияҳои дигар чоп нашуда бошад. Аслиятимақола тибқи тафтиш дар сомонаи “Антиплагиат.ВУЗ” камаш 75% бошад. Дар мавриди истифодаи кор ё мулоҳизаҳои муаллифони дигар бояд ба онҳо ҳаволаҳои дахлдори китобшиносӣ дода шавад ё иқтибос оварда шавад. Ба муаллиф тавсия мешавад, ки ҳангоми пешниҳоди мақола талаботи зеринро риоя кунанд:

-         натиҷаҳои муътамади кор ё таҳқиқи ба субутрасонидашударо пешниҳод кунад;

-         дар дастхат танҳо факту иттилооти воқеиро зикр кунад;

-         идрок намоянд, ки масъулияти ибтидоии навгонӣ ва муътамадии натиҷаҳои таҳқиқи илмӣ ба зиммаи ӯ вогузор шудааст;

-         ба чопи такрории мақолаҳо роҳ надиҳад;

-         ба идораи маҷалла дастхати аслиро пешниҳод кунад, ки ба дигар маҷалла ирсол нашудааст ё алҳол дар дигар маҷалла баррасӣ мешавад.

Мақола дар мавридҳои зерин чоп намешавад:

1)    Мутобиқат накардани мавзуъ ва мундариҷаи мақола ба талаботи маҷалла нисбат ба мақолаҳои чопшаванда;

2)    Дар мавриди набудани феҳристи адабиёти истифодашуда (камаш панҷ манбаъ);

3)    Дар мавриди пешниҳод кардани чакида ва калидвожаҳои бадсифат;

4)    Дар мавриди нодуруст ба расмият даровардани мақола ва ғайра.