ҲОШИМЗОДА ҲОМИД ҲАСАН

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, 

доктори илмҳои иқтисодӣ

Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан 12 ноябри соли 1980 дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд,  дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли  1997 муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии № 40-и ноҳияи Б. Ғафуровро бо баҳои аъло хатм карда, худи ҳамон сол ба Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси фаъолияти гумрукӣ дохил мешавад.  Соли 2002 Донишгоҳи мазкурро ҳамчун мутахассис аз рӯи ихтисоси менеҷери фаъолияти гумрукӣ бо дипломи аъло хатм намудааст. Сипас, тайи солҳои 2004-2008  ба ҳайси ассистенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ, 2008-2009 ҷонишини мудири шуъбаи таълими Коллеҷи тиҷоратии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон  ифои вазифа менамояд. Баъдан, дар вазифаҳои ёвари ноибректори Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон (2009-2010), ёвари директор (2010-2015),  муовини директор оид ба таълим (2015-2018), дотсенти кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” (2018-2020) фаъолият мебарад.  Солҳои 2021-2024 вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд”-ро ба зимма дошт. 

Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2024 таҳти №24 ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» таъин гардид. Соли 2011 дар мавзӯи “Ташаккули асосҳои ташкилӣ-иқтисодии танзими гумрукии минтақавӣ (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)” аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти минтақавӣ) рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ба дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ сазовор шудааст. Соли 2023 дар мавзӯи “Такомули механизми танзими макроиқтисодии тараққиёти минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (назария, методология ва амалия)” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.03 – иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2023, №7 соҳиби  дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ гардидааст.

Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан олими пурмаҳсул буда, бо таълифи мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва нақшаю барномаҳои таълимӣ дар рушди илму маорифи кишвар ва иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузорад. 

 Мавсуф, тамоми давраи фаъолияташ таъмини иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастури фаъолияти хеш қарор дода, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода кардани  мутахассисони баландихтисос, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ бо масъулияти баланд содиқона хизмат карда меояд. 

Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан барои фаъолияти пурсамар дар омода намудани мутахассисони соҳибтахассус, таълифи асарҳои илмӣ ва дастурҳои методӣ, ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Аълочии кооператсияи  матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Медали ҷашнии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятии матлуботи Тоҷикистон  ва чандин мукофоти соҳавӣ сарфароз гардидааст.