0.0/5 оценка (0 голосов)

РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИМИҶИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

Муаллиф (он)

Хасанзода Н.Х.

Чакидаи мақола

Ҳолати муосири шиддат гирифтани муборизаи рақобатии миёни муассисаҳои таҳсилоти касбии олии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифта, зарурати дар асоси принсипҳои  иқтисодиёти бозорӣ ташкил кардани фаъолият ва ҷалби диққати истеъмолкунандагон ба миён гузошта шудааст. Асоснок карда шудааст, ки ташкили имиҷи макотиби олӣ ва идоракунии он ба ҳайси захираи муҳимми мавқеъёбии самаранок дар бозори хизматрасониҳои таҳсилотӣ баромад мекунад. Ҳолати муосири аз ҷониби  макотиби олӣ ташкил кардани механизмҳои алоқа бо аҳли ҷамъият, истифодаи маркетинг, реклама, арзишҳои гуногуни ғайримоддӣ ва ғайра, ки чун воситаи баланд бардоштани  имиҷ зуҳур мекунанд, арзёбӣ карда шудааст. Дар асоси таҳлили  фаъолияти як қатор донишгоҳҳои пойтахт марҳилаҳои асосии ташкили имиҷ ва консепсияи имиҷ коркард шудааст.

Калидвожаҳо

маҳсулоти хизматрасониҳои таҳсилотӣ, бозори хизматрасониҳои таҳсилотӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбии олӣ, рақобат, маркетинг, имиҷ, реклама, арзишҳои ғайримоддӣ

Пайнавишт

1.         Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030. - Душанбе: Ирфон, 2015. – 250с.

2.         Мирсаидов А.Б., Азизов Ш. Институциональные изменения в сфере высшего профессионального образования Республики Таджикистан: позитивные и негативные процессы// Журнал «ASJ» — EASTEUROPEANSCHENTICHJOURNAL. - № 8(60). – 2020. - РАКЕ 2. С. 40-48. (Ежемесячное онлайн-издание).

3.         Хейне П. Экономический образ мышления / Пер. с англ. - Москва: Каталаксия, 1997. - 704 с., ил.

4.         Маҷмӯаи омории соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе, 2014. – 285 с.

5.         Мирсаидов А.Б. Содержание и структура имиджа учреждений сферы высшего профессионального образования (концептуальный подход) //  Доклады Академии наук Республики Таджикистан. - 2020. - № 3. - С. 32-41.

Таърихи нашр

Суббота, 18 Март 2023