0.0/5 оценка (0 голосов)

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИҲОИ ХОНАВОДАГӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Муаллиф (он)

Ғозибеков С.А., Негматова Ш.Ғ.

Чакидаи мақола

Самтҳои афзалиятноки танзими фаъолияти хоҷагиҳои хонаводагӣ ва механизмҳои баланд бардоштани  некӯаҳволии хоҷагиҳои хонаводагӣ дар минтақа баррасӣ шудааст. Хоҷагии хонаводагӣ омили ташаккули синфи миёна ба ҳисоб меравад, ки бе иштироки он на танҳо ҷорӣ намудани муносибатҳои мӯътадили бозоргонӣ, балки ноил гардидан ба самарабахшии зарурии иқтисодии ислоҳот ғайриимкон аст. Истифодаи оқилонаи даромаду хароҷоти хоҷагии хонаводагӣ, роҳҳои ташаккули иқтисодиёти хоҷагии хонаводагӣ ва вобастагии он ба сатҳи маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ таҳлил гардидааст. Тавсияҳо оид ба такмили механизми идоракунии захираҳои иқтисодии хоҷагиҳои хонаводагии минтақа, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани некӯаҳволии хоҷагии хонаводагӣ мебошанд, пешниҳод гардидаанд.

Калидвожаҳо

хоҷагиҳои хонаводагӣ, буҷети хоҷагиҳои хонаводагӣ, даромад, хароҷот, иқтисодиёти минтақавӣ, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, некӯаҳволии хоҷагиҳои хонаводагӣ

Пайнавишт

1.      Чумакова Н.А. Финансовая несостоятельность системы домашнего хозяйства (на материалах Краснодара). // Вестник Адыгейского государ­ственного университета. Экономика. − 2011. − № 1. − С. 73-77.

2.      Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели 2013. [манбаи электронӣ] URL: http://www.president.tj (санаи истифодабарӣ: 17.08.2021).

3.      Нугуманова Л.Ф. Институциональная трансформация домашних хозяйств в современной экономике: дисс. д-ра экон. наук. 08.00.01. - Казань, 2012. – 341 с.

4.      Улугходжаева Х.Р., Давлатов М.Х. Роль домашних хозяйств в условиях перехода к рыночной экономике.// Таджикский национальный университет. Вестник ТНУ. Серия социально-экономических и общественных наук. - 2017. - №2/6. – С. 4 -7.

5.      Тюгашев Е.А. Экономика домашнего хозяйства и окружающего социума: учебное пособие.- Новосибирск: СибУПК, 2002. - 249 с.

Таърихи нашр

Понедельник, 15 Ноябрь 2021