0.0/5 оценка (0 голосов)

САРЧАШМАҲОИ АСОСИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ САНДУҚИ ҚАРЗИИ ИПОТЕКИИ МАНЗИЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф (он)

Ҳикматов У.С., Раҳимов Р.Р.

Чакидаи мақола

Масъалаҳои марбут ба маблағгузории қарзҳои ипотекии манзилӣ баррасӣ карда шудаанд. Манбаъҳои асосии маблағгузорӣ муайян карда шуданд. Муайян карда шудааст, ки сарфи назар аз имкониятҳои мавҷуда аз ҳисоби пасандозҳои муҳлатнок, ташкилотҳои қарзӣ дар пешниҳоди қарзҳои ипотекии манзилӣ фаъол нестанд. Дар охири соли 2020 ҳиссаи қарзҳои ипотекии манзилӣ нисбат ба ҳамаи пасандозҳои мӯҳлатнок – 6,53% -ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар баробари иқтидори мавҷуда ночиз аст. Дар ҷараёни таҳлили сармояи худии ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун манбаи маблағгузорӣ барои пешниҳоди қарзҳои ипотекии манзилӣ маълум гардид, ки сарфи назар аз афзоиши сармоя, сатҳи капитализатсияи ташкилотҳои қарзии кишвар дар сатҳи паст боқӣ мемонад. Захираҳои афзоиши сандуқи қарзии ипоткеии манзилӣ аз ҳисоби сармояи худӣ муайян карда шуданд. Муқаррар карда шудааст, ки имрӯз ягон ташкилоти қарзӣ дар мамлакати мо механизми секюритизатсияро ҳамчун манбаи ҷалби сармоя барои афзоиши сандуқи ипотекии манзилӣ истифода намекунад. Омилҳои маҳдудкунанндаи рушди манбаъҳои маблағгузории қарздиҳии ипотекии манзилӣ муайян карда шуда, барои рафъи онҳо амалҳои мушаххас пешниҳод карда шудаанд.

Калидвожаҳо

қарздиҳии ипотекии манзилӣ; ташкилотҳои қарзӣ; сандуқи қарзӣ; сарчашмаҳои маблағгузорӣ; пасандозҳо; сармояи худӣ; секюритизатсия

Пайнавишт

1.        Банковский статистический бюллетень. – Душанбе, 2020. – №12 (305).– 122 с.

2.        Банковский статистический бюллетень. Душанбе, 2019. - №12 (293).– 121 с.

3.        Банковский статистический бюллетень. – Душанбе, 2018. - №12. (281).– 125 с.

4.        Ипотечное кредитование жилищного строительства: учебное пособие / под общ. ред. С.А. Баронина, В.С. Казейкина. - М.: ИНФРА-М, 2020. – 189 с.

5.        Инструменты финансово-кредитного обеспечения инфраструктурой ипотеки и эффективность ее применения на региональном уровне: монография / коллектив авторов; под ред. Е.Л. Гринько. – М.: КНОРУС, 2020. – 346 с.

6.        Лазарева Л.Б., Каирова Ф.А. Ипотечное жилищное кредитование и страхование: учебное пособие / Л.Б. Лазарава, Ф.А. Каирова Ф.А. – М.: Прометей, 2019. – 187 с.

7.        Литвинова, С. А. Ипотечное кредитование: учебное пособие/ С.А. Литвинова. – Москва – Берлин: Директ-Медиа, 2015. – 182 с. (с. 4).

8.        Рахимов Р.Р. Инвестиционные возможности ипотечного жилищного кредитования / Рахимов Р.Р., Хикматов С.Х. // Вестник университета (РТСУ). – Душанбе, 2020. – №4 (72). – С.59-67.

9.        Хикматов У.С. Анализ современного состояния рынка ипотечного жилищного кредитования в Республике Таджикистан / Хикматов У.С., Рахимов Р.Р. // Вестник университета (РТСУ). – Душанбе, 2021. - № 1 (73). – С. 45-54.

10.    Хикматов У.С. Анализ развития основных показателей банковской системы Республики Таджикистан / Хикматов У.С., Сайфуллозода С. // Вестник университета (РТСУ). Душанбе, 2019. - № 3 (67). – С. 41-52.

11.     Щурина С.В. Ипотека как доступный источник кредитных ресурсов для финансирования инвестиций в 2019 году / Щурина С.В. // Экономика. Налоги. Право. - М., 2019. - №1. – С. 86-97.

12.    Языкова А.Д., Цыганова А.А. Формирование финансовых механизмов поддержки ипотечных заемщиков: монография. – М.: Прометей, 2019. – 220 с.

Таърихи нашр

Четверг, 05 Январь 2023