0.0/5 оценка (0 голосов)

НАҚШАКАШИИ СТРАТЕГИИ МАРКЕТИНГӢ: НАЗАРИЯ ВА ХУСУСИЯТҲОИ МЕТОДОЛОГӢ

Муаллиф (он)

Бойматов А.А.

Чакидаи мақола

Назарияи нақшакашии стратегии маркетингӣ баррасӣ гардида, хусусиятҳои методологие, ки ба ташакули низомӣ иқтисоди бозории минтақавӣ хос аст ва  унсурҳои он ошкор карда шудаанд. Барои ноил гардидан ба комёбӣ дар бизнес фаъолият ба истеҳсолкунандагон зарур аст, ки бо маркетинг машғул шаванд. Ба мафҳуми «нақшакашии стратегӣ» таърифи замонавӣ дода, ҷои он дар низоми давлатии идоракунии стратегӣ муайян карда шудааст, зарурати истифодаи маркетинг барои  ба даст овардани муваффақият мудаллал сохта шудааст. Дар раванди нақшакашии стратегии маркетингӣ ба нақшаи миёнамуҳлат афзалият дода мешавад, зеро дар он  омилҳои асосии таъсиррасон ба вазъи бозор, ки мавқеи дар низоми иқтисодии минтақа ишғолкардаи ширкатҳо аз он вобастаанд,  арзёбӣ мегарданд.  Схемаи модели “нақшакашии маркетингӣ-ташкили кор ва назорат” пешниҳод шудааст, ки маҷмӯи унсурҳои стратегияи рушди иқтисодиёти минтақавиро дар бар мегирад. Методологияи тартиб додани нақшаи стратегии маркетингӣ риояи талаботи хосаро ба таҳияи он пешбинӣ мекунад, ки ба гузаронидани SWOT- таҳлили иттилоот ва вазъу имкониятҳои воқеӣ такя менамояд, ҳамчунин афзалиятҳои рақобатии истифодаи технологияҳои муосири истеҳсоли молҳое, ки  нисбат ба рақобатпазирии онҳо бартарият доранд ва муҳлати истифодаи фондҳои асосӣ, мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавии ширкат ва низоми инфрасохторро бо ҷойгиронии натиҷаҳои онҳо дар чоркунҷаба эътибор мегирад.

Калидвожаҳо

нақшакашии стратегӣ, барномаи маркетингӣ, қисмҳои нақша, марҳила, консепсия, стратегия, асоснокунии нақша, модели нақшаи стратегӣ, нишондиҳандаҳои тафтиши, SWOT- таҳлил

Пайнавишт

1.        Иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият: таърих, хусусият ва дурнамои рушд. - Хуҷанд: Дабир, 2021. - 364 с.

2.        Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2016. – 127 с.

3.        Котлер Ф. Маркетинг и менеджмент.- СПб.,1997. – 867 с.

4.        Дэй, Джордж. Стратегический маркетинг.- М.: ЭКСМО-Пресс, 2002.-640 с. (перевод с английского).

5.        Байматов А.А. Инновационный маркетинг: стратегия создания новой потребительской ценности // Вестник ТГУПБП. Серия общественных наук.- Худжанд, 2018.- №1(74). - С.13-21.

Таърихи нашр

Четверг, 05 Январь 2023