0.0/5 оценка (0 голосов)

МОҲИЯТИ СОЗИШНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ЁРИИ ҲУҚУҚӢ ВА МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ДАР САМТИ ИСТЕҲСОЛОТИ СУДӢ- ГРАЖДАНӢ

Муаллиф (он)

Солиев И.М.

Чакидаи мақола

Масъалаи моҳияти созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар самти истеҳсолоти судии гражданӣ баррасӣ шудааст. Таҳлили адабиёти ҳуқуқӣ ба муаллиф имконият дод, то ба масъалаи эълон шуда рӯ оварда муайян намояд, ки созишномаҳо дар бораи ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ – ин шакли ҳамкории ҳуқуқии байналмилалии давлатҳо ба шумор меравад. Муносибатҳои ҳуқуқии кишварҳо маҳз бо воситаи баён гардидани иродаи якдилонаи давлатҳо амалӣ гардонида мешавад. Созишномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи истеҳсолоти судии гражданӣ изҳори иродаи мувофиқгардидаи ду ва зиёда давлатҳо оид ба ҳамкории мақомоти адлия ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ мебошад, ки ба танзими муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ, мурофиавии гражданӣ равона гардидааст.

Калидвожаҳо

мурофиаи гражданӣ, ёрии ҳуқуқӣ, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома, танзими ҳуқуқӣ, меъёри ҳуқуқи мурофиавӣ

Пайнавишт

1.        Григорьева О.Г. Международное сотрудничество по гражданским делам в советской правовой доктрине // Проблемы в российском законодательстве.– М., 2016. - № 8. – С.95 – 102.

2.        Маводҳои бойгонии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2018. – www. mfa.tj. (санаи муроҷиат: 25 феврали соли 2020).

3.        Петрова М.М. Тенденции развития правового регулирования в сфере оказания международной правовой помощи по сбору и получению доказательств, находящихся на террирории иностранных государств, по гражданским делам // Бюллетень Министрества юстиции РФ. - 2018. - № 1. – С. 136 – 142.

4.        Саматов О.Ж. Современная правовая помощь и иные формы правового сотрудничества стран СНГ // Вестник ОГУ. – М., 2006. - № 3. –– С. 151-160.

5.        Шак Х. Международное процессуальное право: учебник / Пер. с нем. Е.В. Гречишникова; под ред. М.М. Богуславского. - М., 2001. – 560 с.

6.        Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ. Воситаи таълимӣ /Муҳаррири масъул: н.и.ҳ. дотсент Раҷабов М.Н. – Душанбе: Эр-граф, 2018.  – 264с.

Таърихи нашр

Вторник, 27 Апрель 2021