0.0/5 оценка (0 голосов)

МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД” ВА НАҚШИ ОН ДАР САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

Муаллиф (он)

Шарифзода М.М., Солиев Ҳ.А.

Чакидаи мақола

Масъалаҳои вобаста ба нақши минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар раванди саноатикунонӣ баррасӣ гардидаанд. Инчунин сатҳи таъмини нерӯи барқ дар соҳаи саноат ва нақши он дар пешрафти соҳаи саноати мамлакат нишон дода шудааст. Исбот карда шудааст, ки дар фаъолияти корхонаҳои саноатии мамлакат нақши энергетика ва сармоягузорӣ хеле бузург аст. Дар натиҷаи таҳлил муайян карда шудааст, ки МОИ  дар рушди саноати истеҳсолӣ нақши асосӣ бозида, фаъолияти самараноки онҳо ба рушди иқтисоди миллӣ ва минтақавӣ махсусан мусоидат мекунад. Ҳамзамон, нақши МОИ-и Суғд дар амалишавии ҳадафи саноатикунонии кишвар нишон дода шудааст. Ҳаҷми истеҳсолоти саноатии МОИ-и Суғд ва мавқеи он нисбат ба дигар минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Нишондодҳои оморӣ оид ба ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба соҳаҳои мухталифи саноат, фаъолияти корхонаҳои муштарак, фаъолияти МОИ ва амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, таҳлил гардидаанд. Ҳамзамон самтҳои минбаъдаи рушди фаъолияти МОИ-и мамлакат пешниҳод гардидааст.

Калидвожаҳо

минтақаҳои озоди иқтисодӣ, саноат, сармоягузорӣ, иқтисодиёт, саноатикунонии босуръат, энергетика, минтақаҳои махсуси иқтисодӣ

Пайнавишт

1.  Ғаффаров Ф.М.Нақши сармоягузорӣ ва МОИ дар раванди саноатикунонии кишвар/мақолаи илмӣ /Душанбе: Ахбори Донишгоҳи миллӣ, 2019. – С. 130-139.

2.      Мирсаидов А.Б. Соҳибистиқлолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ. - Хуҷанд, 2008. - С.252.

3.  Маълумоти омории Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар соли 2020. – С. 385.

4.      Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон // Маҷмӯаи омории Аентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2019. – 465с.

5.      Паёгми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 26.12.2018.  ш. Душанбе. www.prezident.tj. (санаи муроҷиат: 05.01.2021).

6.      Сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон // www.investcom.tj. (санаи муроҷиат: 08.01.2021).

7. Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, www.prezident.tj. (санаи муроҷиат: 15.01.2021).

8.      Сомонаи расмии МОИ - Ҷумҳурии Тоҷикистон // Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">info@fez.tj. (санаи муроҷиат: 02.01.2021).

Таърихи нашр

Вторник, 27 Апрель 2021