0.0/5 оценка (0 голосов)

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ МАФҲУМ ВА ТАБИАТИ ҲУҚУҚИИ СУДҲОИ ҲАКАМӢ

Муаллиф (он)

Шукуров Ф.М.

Чакидаи мақола

Масъалаи муайян намудани мафҳум ва табиати ҳуқуқии судҳои ҳакамӣ баррасӣ шудааст. Таъкид шудааст, ки солҳои охир дар адабиёти ҳуқуқӣ масъалаҳои мақоми ҳуқуқии судҳои ҳакамӣ, доираи салоҳият ва оқибати қарорҳои қабулшаванда беш аз пеш мавриди муҳокима ва мубоҳисаҳои тӯлонии илмӣ қарор дода мешаванд. Дар асоси таҳлили мулоҳизаю ақидаҳои олимони ватанӣ ва хориҷӣ ба вижагиҳои танзими ҳуқуқии фаъолияти судҳои ҳакамӣ равшанӣ андохта, низоми қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа муайян карда шудаанд ва роҳҳои такмили он пешниҳод гардидааст. Дар заминаҳои таҳлили қонунгузории амалкунанда доир ба табиати ҳуқуқии судҳои ҳакамӣ хулосаҳо бароварда шудааст. Аз ҷумла, суди ҳакамӣ ҳамчун шакли алтернативии ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва гражданӣ муайян карда шудааст, ки дар ду намуд таъсис дода мешавад: судҳои ҳакамии доимоамалкунанда; судҳои ҳакамии як борамалкунанда. Судҳои ҳакамӣ имкон медиҳанд, ки тарафҳо мустақилона, озодона ва дар ҳамбастагии якдигар баҳсҳои худро ҳаллу фасл намоянд.

Калидвожаҳо

суди ҳакамӣ, суди доимоамалкунанда, мурофиа, баҳсҳои иқтисодӣ, баҳсҳои гражданӣ, шакли алтернативӣ, ҳалли баҳс

Пайнавишт

1.        Ализода Зариф ва диг. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Судҳои ҳакамӣ». – Душанбе: 2011. - 164 с.

2.        Болтуев С.Ш. Мурофиаи гражданӣ. Қисми умумӣ. – Хуҷанд: Ношир, 2019. – 384с.

3.        Забегайло С.Г. Взаимодействие третейских судов и судов общей юрисдикции // Вестник Омского университета. Серия «Право». – 2010. №2 (23). – С.122-133.

4.        Летута Т.В. Понятие, правовая природа третейского суда // Вестник университета имени О.Е. Кутафина (МГЮА). – 2016. №10. – С.76-83.

5.        Каса И.Р. К вопросу о компетенции третейского суда // Образование и право. Юридические науки. – 2017. № 12. – С.127-133.

6.        Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 2, мод. 10, Қонуни ЧТ аз 03.07.12, №862.

7. Прохоренко В.В. Третейские суды в России // http://www.auditirium.ru/boors. (санаи муроҷиат: 12 майи соли 2021).

Таърихи нашр

Вторник, 16 Ноябрь 2021