0.0/5 оценка (0 голосов)

Нақш ва ҷойгоҳи дипломатия дар ташаккули имиҷи байналхалқии давлат

Муаллиф (он)

Баротов Исроил Иброҳимович

Чакидаи мақола

Дар мақолаи мазкур хусусиятҳои муҳимми ташаккули имиҷи байналхалқии давлат дар чаҳорчубаи шаклҳо ва усулҳои дипломатӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Зикр шудааст, ки  дипломатия дар раванди ташаккули  имиҷи мусбати давлат нақш ва ҷойгоҳи назаррас дорад. Аз ин рӯ, ҳар як давлат дар раванди амалигардонии сиёсати хориҷӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба масъалаи ташаккули имиҷи байналхалқии худ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд. Вазорати корҳои хориҷӣ ба сифати дастгоҳи марказии сиёсати хориҷии давлат бояд технологияҳои мушаххаси дипломатиро ҷиҳати баланд бардоштани имиҷи байналхалқии давлат дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таҳким бахшад. Раванди татбиқи барномаи сиёсати хориҷии давлат тавассути усулҳои мухталифи дипломатӣ яке аз муассиртарин технологияҳои ташаккули имиҷи байналхалқии давлат дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ маҳсуб меёбад. Ниҳоятан таҳаввулот, нуқтаи аввалини пайдоиш ва ташаккули имиҷи байналхалқии давлат дар қадамҳои нахустини он дар саҳнаи байналхалқӣ инъикос мегардад.

Калидвожаҳо

дипломатия, сиёсати хориҷӣ, имиҷи байналхалқии давлат, муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсати ҷаҳонӣ

Пайнавишт

1.                  Смит, Адам. Исследование о природе и причине богатства народов.  – М.: ЭКСМО, 2017. – 1056 c.

2.                  Aкаев Д.В. Интернет – проектирование в пространстве функционирования гражданского общества // Вестник Саратовской государственной юридической академии. – 2014. – № 6 (101). – С. 54-59.

3.                  Бахриев Б.Х. Публичная дипломатия в современном исследовательском дискурсе // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политика. Серия общественных наук. – 2017. – №1(70). – С. 131-147.

4.                  Никольсон, Гарольд. Дипломатия.  – М.: Государственное издательство политической литературы, 1941. – 156 с.

5.                  Киссинджер, Генри. Дипломатия. –М.: АСТ, 2018. – 896 с.

6.                  Гребенкина Е.В. Трансформация дипломатии в рамках сетевой структуры мира // Вестник Томского государственного университета. –2016. – № 3 (35). – С. 138–144.

7.                  Драгачёва О.С. Внешнеполитический имидж государства и его лидера: технологии формирования и позиционирования: дис. ... канд. полит. наук: 23.00.02 / О.С Драгачёва. – М., 2006. – 190 с.

8.                  Камбон, Жюль. Дипломат. –М.: Политиздат, 1946. – 88 с.

9.                  Монтень, Мишель. Опыты. В трех томах. Т.1. – М.: Наука, 1981. – 703 с.

10.               Паршина Е.В. Роль публичной дипломатии в формировании имиджа государства (политологический анализ на опыте США и СССР/РФ): дис. … канд. полит. наук: 23.00.04 / Е.В. Паршина. – М., 2006.  – 150 с.

11.               Самойленко В.В. Профессиональные секреты дипломата: учебное пособие. – М.: Аспект-пресс, 2016. – 272 с.

12.               Улитина М.О. Формирование международного имиджа России в условиях информационной глобализации: дис. … канд. полит. наук:  23.00.04 / М.О. Улитина. – М., 2015. – 199 с.

13.               Шарафутдинова Э.В. Роль информационного фактора в формировании имиджа государства на международной арене // Вестник Санкт – Петербургского университета. Серия 6. Философия. Культурология. Политология. Право. Международные отношения.- 2011.–№1. – С. 46-51.

Таърихи нашр

Суббота, 31 Август 2019