2.7/5 оценка (3 голосов)

Сотсиализатсия – яке аз роҳҳои баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон

Муаллиф (он)

Саидзода Шӯҳрат Шукур

Чакидаи мақола

Мақола ба масъалаи сотсиализатсияи сиёсӣ ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон бахшида шудааст. Сотсиализатсияи сиёсӣ яке аз роҳҳои самаранок дар инкишофи демократия ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ворид шудан ба ҳизбу созмонҳои ифротгароии динӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар мақола роҳҳои баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва омилҳои бегонашавии сиёсии шаҳрвандон зикр гардидааст. Таъкид шудааст, ки ба роҳ мондани тарбияи тафаккури сиёсӣ баробари навъҳои дигари тарбия ба боло рафтани маъри­фати сиёсии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Хоссатан дар самти тарбияи тафаккури сиёсӣ инкишоф додани ниҳодҳои сотсиализатсияи сиёсӣ, таълими илмҳои сиёсӣ, тамошои барномаҳои сиёсӣ, ҳамарӯза дуруст огоҳ шудан аз ҳодисаву воқеаҳои сиёсии дохилидавлатӣ ва ҷаҳонӣ, иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ, доштани мавқеи сиёсии солим ва созанда мусоидат намуда, ба рушди низоми демократӣ таъсири назаррас мерасонад.

Калидвожаҳо

сотсиализатсияи сиёсӣ, маърифати сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрванданӣ, низоми демократии давлат, зиракии сиёсӣ, тарбияи сиёсии шаҳрвандон

Пайнавишт

1.                  Абдуллоҳи Раҳнамо. Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ чист?. – Душанбе, 2015. – 96 с.

2.                  Девид Метюз. Сиёсат барои мардум. – Душанбе, 1998. – 315 саҳ.

3.                  Зокиров Г.Н. Сиёсатшиносӣ. Нашри сеюми такмилёфта. – Душанбе: Эр-граф, 2010. – 520 с.

4.                  Зуляр Р.Ю. Высшая школа как инструмент политической социализации  современного  студенчества: – Иркутск: Изд-во ИГУ, 2014. – 113 с.

5.                  Масъалаҳои актуалии равандҳои сиёсии Тоҷикистон (маҷмӯаи мақолаҳои илмию таҳқиқотӣ). Қисми 3. / Зери таҳрири дотсент Ҳукмишоев З.Д. – Душанбе: Эр-граф, 2015.  – 148 с.

6.                  Равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон: китоби таълимӣ // Зери таҳрири профессор Муҳаббатов А. – Душанбе: ДМТ, 2017. – 342 саҳ.

7.                  Сафаров С. Ватандӯстӣ ҳамчун омили ҷилавгирӣ аз терроризм / Терроризм ва ифротгароӣ – роҳҳои пешгирии он. – Душанбе: Маориф, 2015. – 232 саҳ.

8.                  Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. – Душанбе: Ҷилди 2, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ. – 945 с..

9.                  Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил. Санаи  муроҷиат 09.02.2018. Суроғаи элек.: http://president.tj/node/12908.

10.    Ятимов С. Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ / Маҷаллаи академии илмию оммавӣ Илм ва Ҷомеа. - 2 (10), 2018.

Таърихи нашр

Понедельник, 19 Ноябрь 2018