1.0/5 оценка (1 голосов)

Принсипи мухторияти ирода ҳамчун принсипи махсуси (соҳавӣ )-и ҳуқуқи байналмилалии хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф (он)

Солиев Иброҳим Муродович

Чакидаи мақола

Дар мақола масъалаи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ таҳлил карда шудааст. Муаллиф дар асоси таҳлили адабиёти махсус  принсипҳои ҳуқуқи байнал­милалии хусусиро гурӯҳбандӣ намуда ба принсипҳои махсус, аз ҷумла принсипи мухторияти ирода диққати вижа додааст.

Принсипи мухторияти ирода дар ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ дар алоқамандӣ бо дигар принсипҳои соҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин мустаҳкам кардани принсипи мазкур дар КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудааст. Аз ҷумла, таъкид гардидааст, ки  қонунгузории амалкунандаи ҶТ  татбиқи принципи мухторияти иродаро нисбат ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳои шартнома, инчунин интихоби тартиботи ҳуқуқӣ нисбат ба  аҳдномаи никоҳ ва ё созишномаи оид ба  пардохти алимент татбиқшаванда пешбинӣ кардааст. 

Калидвожаҳо

принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, мухторияти ирода, созиши тарафҳо, шартнома, озодии шартнома, кодекси гражданӣ, ҳуқуқи татбиқшаванда, коллизия

Пайнавишт

1. Лунц Л.А. Курс международного частного права / В трех томах. - М.: Спарк, 2005. - 336 с.

2. Звеков В.П. Международное частное право: Курс лекций. – М.: Норма-ИНФРА, 2000. -  420 с.

3. Менглиев Ш. Международное частное право:учебник. -Душанбе: Типография Таджикского Национального Университета, 2013.- 754 с.

4. Морева Р.Б. Природа и место международного частного права в правовой системе Российской Федерации [Электронный ресурс]: дис. ... канд. юрид. наук: 12.00.03. – М.: РГБ, 2007. - (Из фондов Российской Государственной Библиотеки).

5. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми сеюм) // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №3, мод. 123).

6. Кузнецов М.Н. Введение в международное частное право: теоретико-правовое исследование: монография. – М.: РУДН, 2014. – 288 с.

7. Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ. Воситаи таълимӣ  / Муҳаррири масъул: н.и.ҳ. дотсент Раҷабов М.Н. – Душанбе: «Эр-граф», 2018.  – 264 с.

Таърихи нашр

Понедельник, 19 Ноябрь 2018