0.0/5 оценка (0 голосов)

Механизми идораи давлатии бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ

Муаллиф (он)

Абдуллоева Адолатҷон Толибҷоновна

Чакидаи мақола

Дар мақола вазъи муосири бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаи назари тамоюл ва масоили муҳоҷирати қувваи кории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Тарзу усулҳои мусоиди танзими давлатии муҳо­ҷирати қувваи корӣ ва сиёсати муҳоҷиратии давлат муайян карда шудаанд. Таъкид мегардад,  ки фишангҳои давлатӣ ба бозори меҳнати муҳоҷирон таъсири ҳадди ақалл мерасонад ва ҳамзамон танзими ҳадди аксари бозори мазкур тавассути механизмҳои бозорӣ сурат мегирад, ки сабабаш аз ҳисоби ҷалби захираҳои ду давлат ташаккул ёфтани он, яъне бозори меҳнати муҳоҷирон мебошад. Аз ин лиҳоз, барои  таъмини таъсири самарабахши давлат сиёсати муҳоҷиратиро тавре ба роҳ мондан зарур аст, ки он ба равандҳои объективии  бозори меҳнати муҳоҷирон  мухолиф набошад. Дар иртибот бо гуфтаҳои боло зарурати натанҳо мувофиқа кардани сиёсати муҳоҷирати  байни давлатҳои шарик, балки ташаккули сиёсати ягонаи муҳоҷиратии ҳамаи давлатҳои дорои  бозори умумии меҳнатии муҳоҷирон таъкид шудааст.

Калидвожаҳо

сиёсати муҳоҷиратӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, танзими давлатӣ, бозори меҳнат, бозори меҳнати муҳоҷирон, талабот ва пешниҳод ба меҳнат, механизми танзими муҳоҷирати меҳнатӣ

Пайнавишт

1.    Горбачева Г.П. Государственный механизм регулирования рынка труда// Экономика и современный менеджмент: теория и практика. – 2013. – № 27. – С. 84-92.

2.    Нуреев Р.М. Курс микроэкономики: учебник для вузов. – 2-е изд., изм. – М.: Норма, 2005. – 576 с.

3.    Таджикистан: 25 лет государственной независимости (статистический сборник). – Душанбе: Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан. – 2016. – 522 с.

4.    Средняя заработная плата в России (по регионам) и других странах мира в 2015 году. URL: http://bs-life.ru/rabota/zarplata/srednyaya2015.html (Дата обращения: 08.02.2016)

5. Хицкова Ю.В. Корреляционно-регрессионный анализ регулирования рынка труда// Вестник Воронежского государственного технического университета. – 2009. – № 12, том 5. – С. 59-64.

Таърихи нашр

Пятница, 01 Декабрь 2017