Дар мақола вазифаҳои иқтисодии хоҷагиҳои хонаводагӣ ва самарабахшии татбиқи онҳо дар шароити иқтисодиёти тағйирёбандаи ҶТ таҳлил шудааст. Мақсади асосии мақола ошкор сохтани вазифаҳои аз ҳама муҳимми хоҷагиҳои хонаводагӣ, ки дар давраи таназзули иқтисодӣ ба сифати механизми ба худ хоси ҳифозатӣ зоҳир мешавад. Шароити амалигардонии ин ё он вазифа, ҳамчунин вазъияте, ки хоҷагии хонаводагӣ барои таъмини бақои худ дар сурати ба миён омадани мушкилӣ дар як вазифа вазифаи дигарро амалӣ мекунад, мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар рафти таҳлил ошкор карда шуд, ки баъзе вазифаҳо на танҳо ба хоҷагиҳои хонаводагӣ барои ҳифзи пойдории нисбӣ дар шароити бўҳрон хизмат мекунанд, балки имкон медиҳанд хоҷагиҳои хонаводагӣ чун сарчашмаи захираи пойдории иқтисодиёт баррасӣ гарданд. Дар асоси гуфтаҳои боло муаллиф ба хулоса омадааст, ки дар ҶТ зарурати ҳавасмандгардонии вазифаҳои алоҳидаи хоҷагиҳои хонаводагӣ, аз ҷумла вазифаи сармоягузорӣ ба мақсади ба вуҷуд овардани шароит барои рушди минбаъдаи иқтисодии онҳо ба миён омадааст.
пасандози хоҷагиҳои хонаводагӣ, рафтори матлуботии хоҷагиҳои хонаводагӣ, рафтори сармоягузории хоҷагиҳои хонаводагӣ, сармоягузорӣ, тақсими даромад, шаклҳои пасандози хоҷагиҳои хонаводагӣ, сиёсати сармоягузорӣ
1. Акиндинова Н. Склонность населения России к сбережению: тенденции 1990-х годов // Вопросы экономики. – 2001. – № 10. – С. 84-85.
2. Батракова А.Г. Сбережения домашних хозяйств: сущность, группировки и роль в современной экономике // Деньги и кредит. – 2006. – № 11. – С.66-70.
3. Кейнс Дж. М. Избранные произведения. /Пер. с англ., предисл., коммент., сост. А.Г. Худокормова. – М.: Экономика, 1993. – 543с.
4. Орипов А. Уровень жизни населения (проблема и суждения).–Душанбе, 2004.
5. Орипов А., Ахмедова М.А. Особенности функционирования домашних хозяйств в условиях рыночной экономики //Вестник ТГУПБП. – Худжанд, - № 1.(49) 2012. – С. 35-39.
6. Юсупов Д.С. Социально-экономическая природа личных подсобных хозяйств и их роль в обеспечении продовольственной безопасности Республики Таджикистан: автореферат дисс. канд. экон. наук: 08.00.01/ Давронджон Сиддикбоевич Юсупов. – Худжанд, 2012. – 22 с.