0.0/5 оценка (0 голосов)

САМТҲОИ СТРАТЕГИИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ

Муаллиф (он)

Аминов Д.Г., Абдуллоева А.Т.

Чакидаи мақола

Таҳлили самтҳои стратегии сиёсати иқтисодии минтақавӣ дар шароити таъмини рушди устувори иқтисодӣ сурат гирифтааст. Зикр гардидааст, ки барои ҳудудҳое, ки бо нобаробарии возеҳи фазоӣ ва тафовут дар сатҳи рушди фаъолияти хоҷагидорӣ тавсиф мешаванд, ҷустуҷӯи  равишҳои идоракуние аҳаммияти махсус касб менамоянд, ки имкони таъмини ҳамоҳангии мутавозини омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва институтсионалии рушди иқтисодиро имконпазир мегардонанд. Асоснок карда шудааст, ки ҳадафҳои сиёсати иқтисодии минтақавӣ бо вазифаҳои рушди минтақа робитаи зич дошта, ба истифодаи самараноки захираҳои ҳудудӣ, трансформатсияи сохтории иқтисодиёт, баланд бардоштани ҷаззобияти сармоягузорӣ ва некуаҳволии аҳолӣ нигаронида шудаанд.  Ба ташаккули механизмҳои шаффоф ва самарабахши маблағгузории рушди минтақавӣ ва маҳаллӣ, инчунин тақвияти нақши мақомоти худидоракунии маҳаллӣ аҳаммияти махсус дода мешавад. Модели консептуалии сиёсати иқтисодии минтақавӣ пешниҳод гардидааст, ки дар доираи он афзалиятҳои калидӣ, ҳадафҳо ва натиҷаҳои интизории рушди минтақа муайян шудаанд. Хулоса бароварда мешавад, ки татбиқи самтҳои стратегии муайяншуда барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.

 

Калидвожаҳо

сиёсати иқтисодии минтақавӣ, афзалиятҳои стратегӣ, рушди минтақавӣ, захираҳои минтақавӣ, сармоягузорӣ, рақобатпазирӣ, идоракунӣ

Пайнавишт

1.    Гатауллин Р.Ф., Тагирова Э.И. Региональная экономическая политика как фактор устойчивого развития региона / Р.Ф. Гатауллин, Э.И. Тагирова // Экономика и управление: научно-практический журнал. – 2025. – № 3.  – С. 4–7.  

2.    Мерзликина Г. С. Региональная экономическая политика: особенности формирования и оценка результативности / Г. С. Мерзликина // Известия Юго-Западного государственного университета. Серия: Экономика. Социология. Менеджмент. – 2018. – Т. 8, № 2(27). – С. 39-46.  

3.    Молчанова Н.П. Ключевые векторы региональной экономической политики: ожидания и реальность / Н.П. Молчанова // Вестник Российского экономического университета имени Г.В. Плеханова. – 2020. – Т. 17. № 6 (114). – С. 78-88.  

4.    Новосёлова И.А. Конкурентные преимущества региональной экономики / И.А. Новосёлова // Современная экономика: проблемы, тенденции, перспективы. – 2010. – № 3. – С. 56-69.  

5.    Петрушевская В.В. Конкурентоспособность региона: основные походы к развитию / В.В. Петрушевская // Вестник Южно-Уральского государственного университета. Серия: Экономика и менеджмент. – 2022. – Т. 16. № 4. – С. 72-80.  

6.    Шукаева А.В. Конкурентоспособность региона как фактор устойчивого развития / А.В. Шукаева // Chronos. – 2022. – Т. 7. № 4 (66). – С. 157-159.  

Таърихи нашр

Четверг, 02 Апрель 2026

Индексатсияи маҷалла

Дӯстони мо

Воридшави ба сомона

4135462
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
100
1601
1701
11849
8298
62494
4135462

Прогноз Сегодня
2016


IP-и Шумо216.73.216.87