Таҳлили иқтисодии рушди сайёҳии кӯҳӣ ва хизматрасониҳои марбут ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Дар шароити муосир сайёҳӣ ҳамчун яке аз бахшҳои босуръат рушдёбандаи иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ арзёбӣ гардида, дар ташаккули даромад, шуғли аҳолӣ ва диверсификатсияи иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Дар таҳқиқот бо истифода аз усулҳои таҳлили оморӣ, муқоисавӣ, пурсиши экспертӣ, модели мултипликативӣ ва регрессияи хаттӣ динамикаи нишондиҳандаҳои асосии соҳа, рафтори хароҷотии сайёҳон ва таъсири инфрасохтори хизматрасонӣ ба даромадҳои сайёҳӣ арзёбӣ шудааст. Натиҷаҳо нишон доданд, ки афзоиши шумораи сайёҳон ва диверсификатсияи хизматҳо (меҳмонхонаҳо, нақлиёт, хӯрока, роҳбаладӣ ва фароғат) ба даромади соҳа таъсири мусбати назаррас мерасонанд. Ҳисобҳои эконометрикӣ собит сохтанд, ки рушди инфрасохтор нисбат ба зиёдшавии маъмулии маҷрои сайёҳон самаранокии иқтисодиро бештар таъмин менамояд. Муайян карда шудааст, ки сайёҳии кӯҳӣ дорои таъсири мултипликативӣ буда, ба рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани даромади аҳолии минтақаҳои кӯҳистон мусоидат мекунад. Оид ба такмили инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҷалби сармоягузорӣ тавсияҳо таҳия шудаанд.
сайёҳӣ; сайёҳии кӯҳӣ; хизматрасонии сайёҳӣ; инфрасохтор; самаранокии иқтисодӣ; даромад; регрессия; таъсири мултипликативӣ
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 / https://www.president.tj/event/missives/17365 (санаи муроҷиат 07.12.2025)
2. Лимонина И.Г., Ермакова Н.А., Костицына А.В. Особенности национального и регионального брендинга Швейцарии // Сервис в России и за рубежом. 2024. №3 (112). URL: https://cyberleninka.ru/article/n/osobennosti-natsionalnogo-i-regionalnogo-brendinga-shveytsarii (санаи муроҷиат: 10.12.2025).
3. Карачев Р.Е. Непал. -Москва: ВОКРУГ СВЕТА, 2010. 215 с.
4. Деточенко Л.В. Особенности развития туризма в Грузии как отрасли, способствующей экономическому росту страны // Вестник Удмуртского университета. Серия «Биология. Науки о Земле». 2019. №2. URL: https://cyberleninka.ru/article/n/osobennosti-razvitiya-turizma-v-gruzii-kak-otrasli-sposobstvuyuschey-ekonomicheskomu-rostu-strany (санаи муроҷиат: 10.12.2025).
5. Турдимуратов М. М. Экономика туризма // Экономика и социум. 2020. №7 (74). URL: https://cyberleninka.ru/article/n/ekonomika-turizma (санаи муроҷиат: 09.02.2026).
6. Зиба Я. Туризм как экономический мультипликатор // Экономика и бизнес: теория и практика. 2023. №10-1 (104). URL: https://cyberleninka.ru/article/n/turizm-kak-ekonomicheskiy-multiplikator (санаи муроҷиат: 19.12.2025).
7. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2025 / Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2025. – 442 c.
8. Ringbeck J. Destination: Green Tourism // http://www. strategy-business.com/article/10304?pg=all (санаи муроҷиат: 07.12.2025)
9. Río-Rama M., Maldonado-Erazo C., Durán-Sánchez A. and Álvarez-García J. Mountain tourism research. A review. European Journal of Tourism Research. - 2019. - №22. - Pp. 130150.
10.https://ctd.tj/ru (санаи муроҷиат: 08.12.2025)
11.Butler, R. W. (1980). The concept of a tourist area cycle of evolution: Implicationsfor management of resources. Canadian Geographer, 24(1), Pp.5–12.
12.https://caspianpost.com;
13.https://centralasianlight.org;