Дар назарияи классикии иқтисодиёти минтақавӣ принсипҳои ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда ва махсусгардонии минтақаҳо дар истеҳсол ва тиҷорати молҳои алоҳида тавсиф дода шудааст. Ин масъалаи муҳимро дар ҳудуди назарияи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ таҳлил намуда, натиҷаи он ҳамчун асос ба назарияи иқтисодиёти минтақавӣ дохил карда шудааст. Исбот карда шудааст, ки махсусгардонии минтақаҳо дар бартарияти мутлақ ва нисбӣ асос меёбанд ва дар ин раванд қисми аз лиҳози иқтисодӣ фаъоли аҳолӣ ва хусусиятҳои инфиродии минтақа ба эътибор гирифта мешавад. Олимони классикии иқтисодиёти минтақавӣ рушди минтақаро аз ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва ҳудудҳои он вобаста мешумориданд. Вале дар замони муосири рушди иқтисодиёти минтақавӣ ноҳиябандии иқтисодӣ ва ба вуҷуд овардани комплекси истеҳсолию ҳудудии марбут ба он дар хоҷагии минтақавӣ шакли мушаххас гирифтааст. Саҳми арзандаи олимони тоҷик ба назарияю методологияи ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолкунанда нишон дода шудааст.
иқтисодиёти минтақавӣ; қувваҳои истеҳсолкунанда; махсусгардонии минтақа; тиҷорати байниминтақавӣ; ҷойгиршавии ҷуғрофӣ; ҳудудҳои маъмурӣ; бартарияти мутлақ ва нисбӣ; ноҳиябандии иқтисодӣ
1. Кейнс Д.М. Общая теория занятости, процента и денег / В книге “Антология экономической классики”. Том 2. – Москва: Экономиздат, 1993. – 651 с.
2. Бойматов А.А., Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. Иқтисодиёти минтақавӣ. – Душанбе: ҶДДМ “Мега-принт”, 2025. – 216 с.
3. Авезов А.Х. Методологические аспекты устойчивости региональной экономики / А.Х. Авезов // Вестник Волгоградского института бизнеса. – 2014. - №3. – С. 39.
4. Олин Б. Межрегиональная и международная торговля / в кн.: Гранберг А.Г. Основы региональной экономики. – Москва: ГУВШЭ, 2000. – С. 129.
5. Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года. – Душанбе, 2016. – 88 с.
6. Бойматов А.А., Қодиров А.Л. Асосҳои соҳибкорӣ ва маркетинг. – Хучанд: Хуросон, 2002. –200 с.