0.0/5 оценка (0 голосов)

РАВИШҲОИ МУОСИРИ МЕТОДОЛОГӢ ДАР ТАҲЛИЛИ ИҚТИДОРИ САНОАТИИ МИНТАҚА

Муаллиф (он)

Ҳафиззода Н.

Чакидаи мақола

Ҷанбаҳои методологии арзёбии иқтидори саноатӣ дар иқтисодиёти минтақа баррасӣ шудааст. Дар он усулҳо ва нишондиҳандаҳои асосии муайян намудани иқтидори саноатӣ, инчунин принсипҳои интихоб ва татбиқи методҳои таҳлилӣ ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Зарурати таҳияи усулҳои дақиқ, ҳамаҷониба ва мутобиқ ба хусусиятҳои минтақавӣ барои арзёбии имкониятҳои истеҳсолӣ ва захираҳои саноатии минтақаҳо асоснок карда шудааст. Дар таҳқиқот усулҳои таҳлили низомманд, муқоисавӣ, оморӣ ва коэффисиентӣ истифода гардида, нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, захиравӣ ва иқтисодии минтақа ҳамчун заминаи арзёбии иқтидори саноатӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Барои муайян намудани сатҳи истифодаи иқтидор муносибати маҷмуӣ ба таҳлили иқтидори воқеӣ ва истифоданашуда, инчунин таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва табиӣ ба имкониятҳои истеҳсолии минтақа татбиқ карда шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки арзёбии ҳамаҷонибаи иқтидори саноатӣ барои ошкор намудани захираҳои истифоданашуда, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таҳияи самтҳои афзалиятноки рушди саноатии минтақа аҳаммияти муҳим дорад. Маводди пешниҳодшуда барои такмили механизмҳои банақшагирии стратегӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва қабули қарорҳои асоснок дар сатҳи минтақавӣ замина фароҳам меорад.

Калидвожаҳо

иқтидори саноатӣ; иқтисодиёт; минтақа; арзёбӣ; усулҳо; нишондиҳандаҳо; методҳо; таҳлилӣ; имкониятҳо; захираҳо

Пайнавишт

1.    Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе.: ҶДММ “Эр-граф”. 2017. – 575 с.

2.    Правила проведения мониторинга и оценки реализации стратегических документов национального уровня, отраслевых и региональных программ развития в Республике Таджикистан (Постановление правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2018 года, № 615). – Душанбе, 2019. – 29 с. 

3.    Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. – Душанбе.: ҶДММ «Контраст», 2016. – 87 с.

4.    Быков А., Комаров Е. И. Управление конкурентоспособностью: учеб. пособие. – Москва: РИОР: ИНФРА-М, 2013. – 276 с.

5.    Хамел Г., Прахалад К.К. Конкурируя за будущее: создание рынка завтрашнего дня / пер. с англ.- Москва: Олимп-Бизнес, 2002. – 288 с.

6.    Мухаббатов Х. М. Проблемы природопользования в горных регионах Таджикистана. - Душанбе: Дониш, 2015. – 565 с.

7.    Актуальные вопросы развития региональной экономики /Коллективная монография / Под общ. ред. Х. А. Одинаева. – Душанбе: ЭР-граф, 2023. – 344 с.

8.    Умаров Х., Носирзода Х.С.  Идоракунии инноватсионии соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ // Паёми донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. – Душанбе, 2003. - № 4. – С. 14 - 21.

9.    Инновационный менеджмент: учеб.пособие. – Санкт-Петеобург: Наука, 2000 – 170 с.

10.Гвишиани Д.М. Диалектико-материалистическое основание системных исследований//Диалектика и системный анализ. – Москва: Наука, 1986. – 336 с.

11.Оҷонсии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон // «Тоҷикистон», № 7, соли 2026.-7с.

12.Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳо: Агентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / №1. – 2024. – 27 с.

13.Гривен М., Йип Д., Вэй В. Новаторы Поднебесной: Как китайский бизнес покоряет мир / Марк Гривен, Джордж Йип, Вэй Вэй. – Москва: Альпина ПРО, 2022. – 212 с.

14.Шваб Клаус. Технологии Четвертой промышленной революции: /перевод с английского/ / Клаус Шваб, Николас Дэвис. – Москва: Эксмо, 2023. – 320 с.

15.Саъдиев Ш. М., Мирзоева Ф. З. Состояние инновационной деятельности промышленных предприятий в Таджикистане. - Душанбе: Рафиграф, 2008. – 120 с.

16.Барышева А. В., Балдин К. В., Передеряев И. И. и др. Инновации / под общ. ред. А. В. Барышевой. 3-е изд. — Москва: Дашков и К., 2012. — 384 с.

Таърихи нашр

Понедельник, 12 Октябрь 2026