0.0/5 оценка (0 голосов)

МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ-ҲУҚУҚИИ ЯГОНАСОЗИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУСУСӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ ИҚТИСОДӢ ВА ХОҶАГИДОРӢ: ҶАНБАҲОИ ТАЪРИХӢ - ҲУҚУҚӢ

Муаллиф (он)

Муҳаммадиев И.С. Амонов А.Ҷ.

Чакидаи мақола

Масъалаҳои назариявӣ-ҳуқуқии ягонасозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳуқуқи байналмиллалии хусусӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Зикр гардидааст, ки ногузирии ягонасозию ҳамоҳангсозии қонунгузориро дар ҷараёни ташаккули қонунгузории давлатҳои аз ҷиҳати сиёсӣ мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон таҳаввулоти бунёдии ҷомеа, ки соҳаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиро фаро мегиранд ва татбиқи ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, инчунин зарурати ҳалли масъалаҳои муҳоҷират ва ҳамгироии иқтисодӣ машрут месозад. Таъкид шудааст, ки зарурати ягонасозии меъёрҳои ҳуқуқӣ бо таъмини возеҳӣ, дақиқӣ ва пайдарпайии мантиқии қонун робитаи зич дорад. Ягонасозӣ санади ҳуқуқиро сода ва ҳаҷми онро кам мекунад, унсурҳои нусхабардориро аз байн мебарад, дарки дуруст ва татбиқи муқаррароти ҳуқуқиро осон месозад ва дар баъзе мавридҳо тафриқабандии аз ҳад зиёдро рафъ менамояд. Таъкид мешавад, ки раванди таҳия, мувофиқасозӣ ва қабули санади меъёрии ҳуқуқии типӣ (моделӣ )хеле тулонӣ буда, қабули он аз ҷониби ҳар як кишвари ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад вақти зиёдеро талаб кунад. Чунин усули ягонасозӣ наметавонад ба ҳадафи танзими императивӣ ва саривақтии равандҳои ҳамгироӣ дар доираи сиёсати иқтисодии хориҷии кишварҳои алоҳида ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар маҷмуъ хизмат кунад; зеро дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ва муносибатҳои бозорӣ, ба инобат гирифтани мутазаррикии мавқеи ҳар як шарик аҳаммияти муҳим дорад.

Калидвожаҳо

ягонасозӣ; муносибатҳои ҳуқуқӣ; ҳамоҳангсозӣ; усулҳои ягонасозӣ; муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ; ягонасозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ

Пайнавишт

1.    Буриев, И.Б. Ниҳодҳои давлатдории тоҷикон: назария ва таърих [Матн] / Буриев И.Б. – Душанбе: Ирфон, 2016. – 367 с.

2.    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 (бо тағийроту иловаҳои 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003, 22.05.2016) Душанбе. Шарқи Озод, 2016.- 87 с.

3.    Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қ 1.2,3 http: // www.mmk.tj Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. (санаи муроҷиат: 25 августи соли 2026).

4.    Конвенсияи СММ оид ба шартномаҳои харидуфурӯши байналмилалии мол, Вена, 1980.  http: // www.mmk.tj Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. (санаи муроҷиат: 20 июли соли 2026).

5.    Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ аз соли1961. http: // www.mmk.tj Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. (санаи муроҷиат: 20 июли соли 2026).

6.    Конвенсияи Ню-Йорк оид ба эътироф ва иҷрои ҳукмҳои судҳои ҳакамии хориҷӣ аз соли 1958. http: // www.mmk.tj Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. (санаи муроҷиат: 20 июли соли 2026).

7.    Кoнвeнция oб учpeждeнии Мнoгocтopoннeгo aгeнтcтвa пo гapaнтиям инвecтиций // Вeдoмocти CНД и ВC PФ от 7 янвapя 1993., №1, cт. 22.

8.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – 1999. – № 12. – Мод. 348; 2001. – № 7. – Мод. 484; 2005. – № 12. – Мод. 654.

9.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» http: // www.mmk.tj  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. (санаи муроҷиат: 25 августи соли 2026)

10.Лунц Л.A., Мapышeвa Н.И., Caдикoв O.Н. Мeждунapoднoe чacтнoe пpaвo:[Текст] // Лунц Л.A., Мapышeвa Н.И., Caдикoв O.Н.Учeбник.- Лунц Л.A., Мapышeвa Н.И., Caдикoв O.Н. - Москва: Юpид. лит., 1984. – 336с.

11.Вилкова Н.Г. Региональная унификация коллизионных норм и международные коммерческие контракты // [Текст] // Юридический мир.  - 1997. - № 10.  - С. 15-33.

12.Тохиров Ф.Т. «Маҷмӯи санадҳои ҳуқуқии Ҳукумати коргару деҳқони Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон» ҳамчун манбаи ҳуқуқӣ // Давлат ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 1992. – С. 3-8.

Таърихи нашр

Понедельник, 12 Октябрь 2026