Моҳият ва сохтори бозори молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисоди бозорӣ ва минтақавӣ баррасӣ мегардад. Дар асоси назарияҳои Кейнс, Фридман, Норт ва Стиглитс бозори молиявӣ ҳамчун мафҳуми бисёрҷанба арзёбӣ мешавад: воситаи сиёсати давлатӣ, муҳаррики идоракунии пул, низоми институтсионалӣ ва механизми коҳиши асимметрияи иттилоот. Собит гардидааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд, бозори молиявӣ ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоии рушд қарор дошта, бештар ба қарзҳои кӯтоҳмуддат ва маблағҳои интиқолии муҳоҷирон такя мекунад. Таҳлили сохтори бозори минтақавӣ собит месозад, ки институтҳо, афзорҳо ва функсияҳо дар ҳамоҳангӣ бояд рушд кунанд, то самаранокии бозор таъмин гардад. Хусусиятҳои институтҳои маҳаллӣ, камбудиҳои бозори саҳомӣ ва имкониятҳои диверсификатсия мавриди таҳлил қарор гирифта, таҷрибаи байналмилалӣ муқоиса шудааст. Хулоса шудааст, ки барои рушди устувори бозори молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ҳамгироии сиёсати давлатӣ, институтҳои маҳаллӣ ва шаффофият вуҷуд дорад.
бозори молиявӣ; институтҳои молиявӣ; афзорҳои молиявӣ; функсияҳои бозори молиявӣ; бозори минтақавӣ; қарзҳои кутоҳмуддат
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» аз 19 майи соли 2009, № 524 [Захираи электронӣ]. — URL: https://base.mmk.tj/ (санаи муроҷиат: 28.08.2026)
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз 28 июни соли 2011, № 722 [Захираи электронӣ]. — URL: https://mmk.tj/ (санаи муроҷиат: 25.08.2026)
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» аз 28 июни соли 2011, № 745 [Захираи электронӣ]. — URL: https://mmk.tj/node/561 (санаи муроҷиат: 20.08.2026)
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» аз 5 марти соли 2007, № 237 [Захираи электронӣ]. — Душанбе, 2007.
5. Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» аз 16 апрели соли 2012, № 816 [Захираи электронӣ]. — Душанбе, 2012.
6. Keynes, J. M. The General Theory of Employment, Interest and Money. — London: Macmillan and Co., 1936. — 403 p.
7. Friedman, M. The Counter-Revolution in Monetary Theory. — London: Wincott Foundation, 1970. — 28 p.
8. North, D. C. Institutions, Institutional Change and Economic Performance. — Cambridge: Cambridge University Press, 1990. — 152 p.
9. Stiglitz, J. E. Information and the Change in the Paradigm in Economics // American Economic Review. — 2002. — Vol. 92, № 3. — P. 460–501.
10.Mishkin, F. S. The Economics of Money, Banking and Financial Markets. — 12th ed. — Harlow: Pearson, 2019. — 736 p.
11.Fabozzi, F. J., Modigliani, F., Jones, F. J. Foundations of Financial Markets and Institutions. — 4th ed. — Harlow: Pearson Education Limited, 2014. — 698 p.
12.Levine, R. Financial Development and Economic Growth: Views and Agenda // Journal of Economic Literature. — 1997. — Vol. 35, № 2. — P. 688–726.
13.Beck, T., Demirgüç-Kunt, A., Levine, R. Finance, Inequality and the Poor // Journal of Economic Growth. — 2007. — Vol. 12, № 1. — P. 27–49.