Масъалаҳои ҷанбаи таърихии азнавсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1929—1932 дар асоси таҳлили санадҳои ҳуқуқӣ, таҳқиқоти илмӣ баррасӣ шудаанд. Таъкид шудааст,ки аз ҳайъати ҶШС Узбекистон баровардани ҶМШС Тоҷикистон ва ташкил намудани ҶШС Точикистон (соли 1929) зарурати азнавсозии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро ба миён гузошт. Қабул шудани қарорҳо «Дар бораи татбиқи қонунгузории амалкунандаи Узбекистон дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон» (аз 19 декабри соли 1929 таҳти № 42), «Дар бораи аз нав ташкил кардани мақомоти судӣ ва прокуратура ба муносибати барҳам додани округҳо» (23 октябри соли 1930), «Дар бораи барҳам додани Комиссариати халқии корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон» (аз 1 январи соли 1931, № 205), «Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи Комиссариати халқии адлияи ҶШС Тоҷикистон» (9 апрели соли 1932, № 125) ва ғайра мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Масъалаҳои ворид сохтани тағйирот дар сохтор ва вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ба муносибати барҳам дода шудани округҳо аз нав ташкил кардани мақомоти судӣ ва прокуратура, ташкил кардани Саридораи милитсия ва ҷустуҷӯи ҷиноятии назди Шурои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон, ташкили ҳамкории низоми судӣ ва додситонӣ дар ҷумҳурӣ ва дигар масоили мубрами азнавсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ шудаанд.
ҶШС Тоҷикистон, Комиссариати халқии адлия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонунгузорӣ, суд, прокуратура, адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
1. История возникновения и развития таджикской прокуратуры // https://www.prokuratura.tj/ru/history.html (Санаи муроҷиат: 27.10. 2024).
2. Кельдиев И. Издание и распространение произведений классиков марксизма-ленинизма в Таджикистане.-Душанбе:Ирфон, 1973. - 189 с.
3. Мухаммадиев И. К истории органов прокуратуры Республики Таджикистан// Қонуният. Шумораи ҷашнӣ. -2009. -№1. - С.110-115.
4. Назаров Н. Д. Организационно-правовые основы становления и развития милиции Таджикистана (1917-2006 гг.): автореферат диссер. д-ра. юр. наук: 12.00.01.- Москва, 2007.- 64 с.
5. Сборник Указов УзССР. 1929. № 413. ст.1704.
6. Свод Законов СССР, 1930. № 60. ст. 640. О ликвидации народных комиссариатов внутренних дел союзных и автономных республик // Собрание законов и распоряжений Рабоче-Крестьянского Правительства СССР за 1930 год. - С. 1157-1158.
7. Систематическое собрание действующих законов Таджикской ССР. – Сталинабад: Таджгаз, 1932.- 876 с.
8. Фаньян Д.К истории советского строительства в Таджикистане (1920—1940 гг.).Сборник документов.Ч.1.- Сталинабад: Таджикгосиздат. 1940.- 150 с.
9. Шодиев И. Р. Развитие судебной системы в Таджикистане (вторая половина XIX - начало XXI вв.): автореф. Дисс... канд. юр. наук; 12.00.01. – Душанбе, 2010. - 27 с.