0.0/5 оценка (0 голосов)

ХУСУСИЯТҲОИ АРЗЁБИИ САМАРАНОКИИ ИДОРАКУНИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ»

Муаллиф (он)

Раҳимов А.М., Темиров К.О.

Чакидаи мақола

Хусусиятҳоиарзёбиисамаранокииидоракуниирушдииқтисодисабздаршароитимуосирмавридитаҳқиққарордодашудааст. Зарурати идоракунии рушди иқтисоди сабз ҳамчун омили таъмини рушди устувор асоснок карда шудааст. Муайян шудааст, ки дар шароити кунунӣ самаранокии идоракунии рушди иқтисоди сабз бо роҳҳо ва тарзҳои гуногун, бо истифодаи нишондиҳандаҳои хос арзёбӣ мегардад. Дар натиҷаи таҳлили асосҳои методии арзёбии сатҳи идоракунии иқтисоди сабз муайян карда шуд, ки он дар ду марҳила ба амал бароварда мешавад. Нишондиҳандаҳои калидии арзёбии сифати идоракунии рушди иқтисоди сабз дар заминаи самтҳои асосии рушди иқтисоди сабз, ки дар Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ифода ёфтаанд, муайян карда шудааст. Ҳамзамон, низоми нишондиҳандаҳое, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои арзёбии сифати идоракунии рушди иқтисоди саб истифода мешавад, мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатии рушди иқтисоди сабз тавсияҳои зарурӣ пешниҳод гардидаанд.

Калидвожаҳо

иқтисоди сабз, низоми идоракунӣ, сифати идоракунӣ, усулҳои идоракунӣ, механизми идоракунӣ, сиёсати давлатӣ, самаранокии идоракунӣ, бехатарии экологӣ

Пайнавишт

1.    Бабаджанов, Д. Д. Перспективы формирования и развития органического сектора сельского хозяйства Таджикистана [текст]: монография / Д.Д. Бабаджанов. – Душанбе: Ирфон, 2010. – 276 с.

2.    Бойматов, А. А. Формирование стратегии устойчивого развития региональной экономики. Монография / А.А. Бойматов и др. – Душанбе: Ирфон, 2014. – 225 с.

3.    Исайнов, Х. Р. «Зеленая экономика» Таджикистана: проблемы формирования и перспективы развития / Х.Р. Исайнов, А.Р. Исраилова, У.Х. Казокзода // Финансово-экономический вестник. - 2024. - № 1(40). - С. 253-263

4.    Исматов, Х. Х. Бюджетно-налоговое регулирование развития региона / Х. Х. Исматов, Д. Р. Бободжонов // Финансово-экономический вестник. – 2021. – № 3(27). – С. 114-124.

5.    Кожевина, О. В. Измерение и оценка качества управления устойчивым развитием / О. В. Кожевина, Н. В. Балунова // Управление устойчивым развитием. – Санкт-Петербург: ООО «Издательский дом „Реальная экономика”», 2015. – С. 342-370.

6.    Маъмуров, А. М. Арзёбии вазъи муосири маъмурикунонии андоз дар сатҳи минтақавӣ / А. М. Маъмуров, С. Б. Саломов // Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ. – 2022. – No. 2(91). – P. 82-92.

7.    Одинаев, X. А. Водный баланс и проблемы устойчивого водопользования Х.А.Одинаев. //Вестник МГУ. Серия 6: Экономика/ -2003. - №2. - С. 41-50.

8.    Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. – Душанбе 28.12.2024 URL: https://www.president.tj/event/missives/49225 (санаи муроҷиат: 28.07.2025)

9.    Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №482.

10.Темиров, К. О. Особенности управления развитием зелёной экономики: теоретические аспекты / К. О. Темиров, И. А. Мамадов // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия общественных наук. – 2025. – № 2(103). – С. 85-96.

11.Умаров Х.У. Устойчивое развитие аграрного сектора экономики [текст]: монография / Х.У. Умаров, Ф.Х. Азизов. – Москва: Экономическое образование, 2018. – 212 с.

12.Шокиров, Р.С. Рынок экологически чистой продукции: современная интерпретация и особенности становления в Республике Таджикистан [Текст] / Р.С. Шокиров, М.К. Махмудов // Вестник ТГУПБП. – Худжанд, 2018. – №4. – С.72-78.

Таърихи нашр

Среда, 07 Январь 2026