0.0/5 оценка (0 голосов)

ИМКОНИЯТҲОИ ТАКМИЛ ДОДАНИ РАВАНДИ МАБЛАҒГУЗОРӢ БА БАХШИ ИҶТИМОИИ МАМЛАКАТ: ТАҶРИБА ВА АМАЛИЯ

Муаллиф (он)

Бобоева П.М.

Чакидаи мақола

Мундариҷаи категорияи “сифати ҳаёт” ва нақши соҳаи иҷтимоӣ дар баланд бардоштани сатҳи ҳаёти одамон муайян карда шудааст. Ба нақши воситаҳои буҷетӣ дар маблағгузории соҳаи мазкур равшанӣ андохта, самтҳои такмили маблағгузории буҷетии тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ пешниҳод шудааст. Зикр гардидааст, ки иқтисоди бозории иҷтимоимеҳвар ҳамчунин баланд бардоштани нақши давлатро дар инкишофи соҳаи иҷтимоӣ пешбинӣ мекунад. Дар бораи зарурати фаъолгардонии танзими давлатии инкишофи ин соҳа вазъи муосири он, аз ҷумла маблағгузории соҳаҳои ғайритиҷоратӣ аз рӯи принсипи “бақия”, сифати пасти хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ки маҷҷонӣ пешкаш мегарданд, ивазшавии беназорати хизматҳои бепул бо пулакӣ, болоравии нобаробарии минтақавию иҷтимоӣ дар таъминнокии аҳолӣ бо хизматҳои соҳаҳои иҷтимоӣ шаҳодат медиҳанд. Дар натиҷаи падидаҳои мазкур, сатҳи муосири фаъолияти муассисаҳое, ки ба аҳолӣ хизматҳои иҷтимоӣ пешниҳод мекунанд (мактаб, беморхона, театр ва ғ.) талаботро бо ин хизматҳо қонеъ намегардонад, бинобар ин зарурати афзоиши шумораи муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ ва таҷдиди инфрасохтори онҳо ба миён меояд. Ҳамаи ин афзоиши маҷрои захираҳои молиявиро ба мақсадҳои зарурӣ талаб мекунад.

 

Калидвожаҳо

сифати ҳаёт, соҳаи иҷтимоӣ, тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ, маблағгузории буҷетӣ,хизматҳои иҷтимоӣ

Пайнавишт

1.    Восколович Н.А. Экономика платных услуг / Н.А. Восколович. – Москва: ЮНИТИ ДАНА,2009. – 399 с.

2.    Дементьев А.Н. Обеспечение сбалансированности бюджетов бюджетной системы Российской Федерации / А.Н. Дементьев // Аналитический вестник Совета Федерации РФ. - 2010. - № 10. – С. 61–68.

3.    Климович Л.К. Региональные аспекты развития сферы услуг/ Л.К. Климович //Труды БГТУ. Экономика и управление. - 2016. - №7. – С. 35.

4.    Самарина Т. П., Миронова Т. А. Проблемы повышения качества жизни россиян / Т. П. Самарина, Т. А. Миронова // Аналитический вестник Совета Федерации РФ. - 2010. - № 10. – С. 19-25.

5.    Супян В.Б. Экономика США. – Санкт-Петербург: Питер, 2010. – 650 с.

6.    Таджикистан в цифрах: статистический сборник Госкомстата Республики Таджикистан. – Душанбе, 2023. – 543 с.

7.    Управление и организация в сфере услуг. Теория и практика / К. Хаксевер и др. – Санкт-Петербург: Питер, 2002. – 752 с.

Таърихи нашр

Среда, 26 Июнь 2024