0.0/5 оценка (0 голосов)

МОҲИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ВА ЗАРУРАТИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ОН (ДАР МИСОЛИ МОИ “СУҒД”)

Муаллиф (он)

Бобоева Ш.Ғ.

Чакидаи мақола

Зарурати дастгирии давлатии корхонаҳои бизнеси хурду миёна дар  минтақаи озоди иқтисодӣ баррасӣ шудааст. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақсади дастгирии  соҳибкорӣ, фаъолият бурда  барои  васеъ  намудани иштироки  ҳамаи  шаклҳои  соҳибкорӣ  дар  муомилоти содиротию  воридотӣ,  намоишу  ярмаркаҳои  байналмилалӣ, татбиқи  барномаҳо  ва  лоиҳаҳҳои  фаъолияти  иқтисодии хориҷӣ чораҳо меандешанд. Бо истифода аз  усули ҳисобкард  ва таҳлили иқтисодӣ исбот мешавад, ки чи тавр роҳи бо  дастгирии корхонаҳои бизнеси хурду миёна рушди устувории иқтисодиро таъмин кардан мумкин аст. Мудаллал сохта шудааст, ки бидуни рушди корхонаҳои хурду миёна ноил гаштан ба пешравии иқтисодиёт ғайриимкон мебошад. Ташкил карда шудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз нуқтаи назари рушди   бизнеси хурду миёна, соҳаи хизматрасонӣ дар иқтисодиёти минтақавӣ, ки дар инкишофи минбаъдаи иқтисодиёт саҳми назаррас мегузаранд, ба риштаи кашида таҳлил шудааст. Азхудкунии заминҳои нав,  рушди ҳунарҳои дастӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон самтҳои афзалиятноки низоми давлатии дастгирии бизнеси хурд дар иқтисодиёти минтақа ба ҳисоб мераванд.

Калидвожаҳо

минтақаи озоди иқтисодӣ, захираҳои молиявӣ, низоми давлатӣ,  ташкилотҳои молиявӣ, қарздиҳӣ, сармоягузорӣ, диверсификатсияи сохтори содирот,рушди равобити  тиҷоратӣ

Пайнавишт

1.         Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №700 аз 25.03.2011 //http:// www.majmilli.tj

2.         Қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1146 ва №1147 аз  29.10.08 //http://www.minjust.ww.tj

3.         Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» таҳти №74 аз 6.02.2009 // http://www. sadoimardum.tj    

4.         Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд» аз 02.05.2008, №227 // http://www.jumhuriyat.tj

5.         Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон-Душанбе: Шарқи озод, 2017. -334с.

6.         Ҳакимов А.Ҳ.,Каримова М.Т.,Қодиров Д.Б.,ШодиеваТ.Ғ. Иқтисод ва идоракунии минтақа. Китоби дарсӣ,-Душанбе: Деваштич,2002. - 276 с.

7.         Барномаи миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016 – 2020  // http://www. sadoimardum.tj

Таърихи нашр

Пятница, 05 Май 2023