0.0/5 оценка (0 голосов)

МАСЪАЛАҲОИ ТАҲКИМИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР

Муаллиф (он)

Ҳошимова Наргиса Абдуҷабборовна

Чакидаи мақола

Мамониятҳо дар роҳи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва омилҳои таҳкимбахши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Зикр мегардад, ки Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд қарор дошта, ин раванд дар кишвар бо ташаккул ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқамандии зич дорад. Дар кишвар асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта,  як қатор ниҳодҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла, ташкилоҳои ҷамъиятӣ, касбӣ, эҷодӣ, динӣ, занону ҷавонон ва ҳизбҳои сиёсӣ таъсис ёфта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фаъолона иштирок менамоянд. Новобаста аз ин, дар ин самт норасоиҳо ва камбудиҳое ҷой доранд, ки барои инкишофи мавзуни ҷомеаи шаҳрвандӣ монеа эҷод менамоянд. Аз нуқтаи назари муаллиф роҳи тайкардаи таърихии давлат ва ҷомеа, надоштани таҷрибаи кофӣ дар давлатдорию давлатсозии демократӣ, дараҷаи пасти  фаъолнокии ҷомеа, вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар, мушкилоти таъминоти молиявии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун омилҳои монеашаванда дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шинохта шудаанд.  

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҷрибаи таърихӣ, омили психологӣ, бюрократия, коррупсия, вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таъминоти молиявӣ

Пайнавишт

1.         Каримов Ш. Роль неправительственных организаций в формировании гражданского общества в Таджикистане: политологический анализ: диссертация на соискание ученой степени доктора политических наук: 23.00.02 / Каримов Шамсиддин. – Душанбе, 2015. – 292 с.– Матн: бевосита.

2.         Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2016. – Матн: бевосита.

3.         Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 04.04.2003, шаҳри Душанбе. URL: http://www.prezident.tj/node/6637. – Матн: электронӣ. Санаи муроҷиат: 12.11.2021.

4.         Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маҷлиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 27.01.2017, шаҳри Душанбе. URL: http://www.mmk.tj. – Матн: электронӣ.

5.         Шоисматуллоев Ш. Состояние и проблемы формирования гражданского общества в Таджикистане// Нақши институтҳои сиёсӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ. – Душанбе, 2018. – С. 20-28.

6.         Муродова Г. Хусусиятҳои асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон / Г. Муродова, Ф. Якубов. – Матн: бевосита. – Душанбе, 2016. – 80 с.

Таърихи нашр

Вторник, 13 Декабрь 2022