Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити имрўза мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Зикр шудааст, ки авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон як чизи исто ва статикӣ набуда, вобаста ба замон ва шароитҳои рушди кишвар ва муносибатҳои байналмилалӣ метавонанд тағйир ёбанд. Авлавиятбахшӣ дар сиёсати хориҷӣ зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, ҳолати рушди дохилии кишвар, хусусиятҳои рушди муносибатҳои байналмилалӣ, амалисозии лоиҳаҳои мухталифи давлатӣ, омилҳои тамаддунӣ, худмуҳофизатӣ аз хатарҳои берунӣ ва мақоми давлат дар сатҳи байналхалқӣ ва ғ. сурат мегирад. Авлавиятҳои доимӣ ва заминавию ҳолатӣ дар сиёсати хориҷӣ тавсир шудааст. Масоили таъмини амнияти кишвар ва ҳизфи суботи он дар арсаи байналмилалӣ, мустаҳкам намудани ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ, ба кишвари содиротӣ табдил додани Тоҷикистон, рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо дигар субъектҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ба роҳ мондани муносибатҳои сулҳдўстона бо кишварҳои ҳамсоя, тарғиби симои мусбати кишвар дар сатҳи байналмилалӣ, пешгирии нобудшавии пиряхҳои кишвар ва омўзиши таҷрибаи кишварҳои дигар ҳамчун авлавиятҳои муҳимми сиёсати хориҷӣ баррасӣ шудаанд.
Калидвожаҳо: авлавият, сиёсати хориҷӣ, рушди геополитикӣ, муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, субъектҳои сатҳи байналхалқӣ, манфиатҳои миллӣ, ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ
ПАЙНАВИШТ:
1. Сайидзода З. Ш. Дар бораи эволюция, характер ва усулхои амалй гардондани сиёсати берунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ташаккули он // Ёддоштҳои илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Илмҳои гуманитарӣ. 2014. № 3 (40). – С. 243-254.
2. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 27 январи соли 2015, № 332. дастрасӣ дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.mfa.tj, санаи дастрасӣ 10.01.2022
3. Суханронӣ дар вохўрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 марти соли 2013, ш. Душанбе, суроғаи дастрасӣ http://www.president.tj/node/4113#murghob, санаи дастрасӣ 20.02.2022
4. Акбаров Ф.Х. Специфика реализации национальных интересов Республики Таджикистан в условиях продвижения многосторонней дипломатии. Диссертация на соискание ученой степени кандидата политических наук. – Душанбе, 2020. – 155 с.
5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, 26 декабри соли 2019, ш. Душанбе, суроғаи дастрасӣ http://www.president.tj/node/21975, санаи дастрасӣ 10.01.2022
6. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, 22 декабри соли 2017, ш. Душанбе, суроғаи дастрасӣ http://www.president.tj/node/16771#qubodiyon, санаи дастрасӣ 14.12.2021
7. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 21 декабри соли 2021, ш. Душанбе, суроғаи дастрасӣ http://www.president.tj/node/27417, санаи дастрасӣ 15.01.2022
8. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2016, ш. Душанбе, суроғаи дастрасӣ www.president.tj, санаи дастрасӣ 19.02.2022
9. Cиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият.Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ Силсила: Сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Душанбе: «Ирфон», 2011, - С. 340с.
10. www.passportindex.org/ru/byRank.php, санаи дастрасӣ 14.02.2022
11. https://carececo.org/en/main/news, cанаи дастрасӣ 10.10.2021
12. https://mfa.tj/tg/berlin/view/7222/emomali-rahmon-soli-2025-soli-umumijahonii-hifzi-piryakhho-elon-gardad, санаи дастрасӣ 14.10.2021