0.0/5 оценка (0 голосов)

НИШОНДИҲАНДАҲОИ ДЕМОГРАФӢ ДАР ИКТИСОДИЁТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪИЯТ ВА ТАМОЮЛИ ТАҒЙИРОТ

Муаллиф (он)

Ризокулов Т.Р., Абдуллоева А.Т.

Чакидаи мақола

Тамоюли тағйирёбии нишондиҳандаҳои рушди демографӣ дар  иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Вазъ ва мундариҷаи падидаҳои демографӣ дар заминаи шароити ба вуҷуд омадаи рушди иқтисодиёти кишвар баррасӣ шудааст. Аз ҷумла, чунин нишондиҳандаҳо таҳлил карда мешаванд: сохтори аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ,  сатҳи таваллуд, муҳоҷират, урбанизатсия, шуғлнокӣ, рафтори репродуктивии аҳолӣ ва ғайра. Нақши муҳоҷирати меҳнатӣ бо назардошти ислоҳоти ҷорӣ дар низоми иқтисодиёт ва сиёсат муайян карда шудааст. Баъзе омилҳои иҷтимоию демографӣ омӯхта шудаанд, ки ба сатҳи таваллуд, фавт ва муҳоҷирати  аҳолӣ дар марҳилаи кунунии рушди кишвар таъсир мерасонанд. Арзишҳои коэффитсиенти умумии таваллуд ва фавт, афзоиши табиӣ, давомнокии эҳтимолии умр дар шароити муосири Тоҷикистон, масъалаҳои таъсиррасонанда ба сатҳи саводнокӣ ва баланд бардоштани тахассусоти касбии аҳолӣ, таъсири шуғлнокӣ дар тағйироти нишондиҳандаҳои демографии мамлакат, аз ҷумла ба коэффисиенти таваллуд баррасӣ ёфтааст. Дар доираи ин муносибат нақши анъана ва расму оинҳои миллӣ дар масъалаҳои демографӣ муайян карда шудааст. Алоқаи байни даромад ва таваллуди аҳолӣ кайд карда мешавад. Зарурати таҷдиди назари баъзе ҷиҳатҳои назариявӣ ва амалии сиёсати демографӣ асоснок карда шудааст.

Калидвожаҳо

шумораи аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, таваллуд, муҳоҷират, коэффитсиенти таваллуд, шуғлнокӣ дар иқтисодиёт, давомнокии умр, рафтори репродуктивии аҳолӣ

Пайнавишт

1.    Абдуллаева А.Т., Тошматова М.Д. Воздействие миграционной политики на процесс регулирования рынка труда в Республике Таджикистан // Кишоварз (Земледелец). – Душанбе, 2015. - №3 (67). – 253 с.

2.    Бавыкина Е. Н., Гущина С. С., Корецкая Т. В. Качественный анализ рынка труда молодых специалистов // Научно-методический электронный журнал «Концепт». – 2019. – Т. 31. – С. 1446–1450.

3.    Демографический ежегодник Республики Таджикистан, 2020 г.; Статистический ежегодник Республики Таджикистан. - Душанбе: Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан, 2021.  – 745 с.

4.    Исломов Ф.С.  Современные тенденции воспроизводства населения и его перспективы в странах с высокими темпами демографического роста (на примере Республики Таджикистан): дисс ... д-ра экон. наук: 08.00.05 / Ин-т экономики и демографии НАНТ. - Душанбе, 2012.

5.    Мельянцев В.А., Мирзеханов В.С., Вольфсон С.Б. Экономический рост, демографические сдвиги и массовые миграции / В книге: Всемирная история. В 6 томах. Институт всеобщей истории РАН. - Москва, 2019. - С. 42-71.

6. Таджикистан: 30 лет государственной независимости. Статистический сборник. – Душанбе: Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан, 2021. – 702 с. 

Таърихи нашр

Суббота, 18 Март 2023