0.0/5 оценка (0 голосов)

ВАЗЪИ МАКРОИҚТИСОДӢ ВА ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф (он)

Исмаилова М.М.

Чакидаи мақола

Таҳлили вазъияти макроиқтисодӣ аз нуқтаи назари таъмини афзоиши устувори иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст. Тадқиқ собит сохт, ки тавсеаи муносибатҳои бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддиро ба ҳамаи унсурҳои сиёсати иқтисодии татбиқшаванда тақозо мекунад. Дар натиҷаи рушди муносибатҳои бозорӣ ҳамаи унсурҳои фаъолияти иқтисодӣ ба тағйирот дучор шуданд. Таҳлили эмпирикии вазъияти макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити саноатикунонии босуръат дар қаринаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ нишон дод, ки иқтисодиёти миллии Тоҷикистон дар натиҷаи трансформатсияҳои иҷтимоию иқтисодӣ то ҳол ҳамаи унсурҳои саноатикунонии муосирро касб накардааст. Дар ҷумҳурӣ дараҷаи баланди бекории сиклӣ, сатҳи пасти фаъолнокии инвеститсионӣ ва трансформатсияи пасандоз ба захираҳои воқеии инвеститсионӣ ба мушоҳида мерасад. Ба сабаби ба қадри кофӣ тараққӣ накардани инфрасохтори бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди молиягузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз ҷониби низоми бонкӣ ва бозори дувуми коғазҳои қиматнок бо мушкилоти сершумор рӯ ба рӯ шуд. Дар иртибот бо ин нукта таҳлили эмпирикии вазъи макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зарурату афзалияти такмили сиёсати иқтисодӣшаҳодат медиҳад, ки метавонад оқибатҳои бӯҳрони трансформатсиониро рафъ карда, хароҷоти ислоҳоти минбаъдаро коҳиш диҳад ва бо ин роҳ рушди макроиқтисодиро дар қаринаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ таъмин кунад ва ба саноатикунонии босуръати мамлакат ангеза бахшад.

Калидвожаҳо

рушди иқтисодӣ, устувории макроиқтисодӣ, захираҳои меҳнатӣ, бекории сиклӣ, инвеститсияҳо, сиёсати иқтисодӣ, андӯхти умумӣ, ММД ба ҳар сари аҳолӣ

Пайнавишт

1.      Булатов А.С. Воздействие экспорта и импорта капитала на валовые накопления в Российской Федерации // Деньги и кредит. № 9. - 2011. – С. 37-48.

2.      Ломакин В.К. Мировая экономика. - М.: Финансы, Юнити, 1999. – 446 с. Модернизация народнохозяйственных пропорций в экономике Таджикистана //Отчет отдела экономической теории Института экономики и демографии АН РТ. – Душанбе, 2014. – 184 с.

  3. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. - 
Душанбе, 2019.-478с.

4.      Рахимов Р.К. Глобализация и проблемы экономического роста в Республике Таджикистан // Экономика Таджикистана: стратегия развития. – Душанбе. – 2004.-№1.-С.-10-58.

5.      Рахимов Р.К. Некоторые вопросы инвестирования экономического роста // Экономика Таджикистана: стратегия развития. – 2003.- №1. С. 30-48.

6.      Ризокулов Т.Р. Теоретико-методологические особенности преодоления стагфляционных процессов в трансформационной экономике (на примере Республики Таджикистан): автореф…дисс. д-ра экон. наук.- Душанбе,2009.-48 с.

7.      Тоҷикистон дар рақамҳо, 2013. - Душанбе, 2013. – 128 с.

8.      Тоҷикистон: 20 соли Истиқлолияти давлатӣ. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. -  Душанбе, 2011.- 522 с.

 

 

Таърихи нашр

Суббота, 24 Апрель 2021