0.0/5 оценка (0 голосов)

МУАММОҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАРҲАНГИ АНДОЗ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф (он)

Салимова М.М.

Чакидаи мақола

Масъалаҳои фарҳанги андоз дар соҳаи андозбандӣ, аз ҷумла мафҳуми фарҳанги андоз, намуд ва сатҳҳои фарҳанги андоз баррасӣ шудаанд. Фарҳанги андоз дар соҳаи андозбандӣ ҳамчун шарти зарурии баҳамтаъсиррасонии самараноки байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон таҳқиқ карда шудааст. Механизми эътимоди ҳуқуқӣ дар ташаккули фарҳанги андози андозсупорандагон таҳлил карда шуда, ба тафовути мафҳумҳои «маърифати андозсупорӣ» ва «фарҳанги андоз» диққати махсус зоҳир дода шудааст. Муқаррар гардидааст, ки фарҳанги андоз як ҷузъи фарҳанги иҷтимоӣ буда, барои ноил шудан ба сатҳи зарурии фарҳанги андоз дар ҷомеа фароҳам овардани шароити махсус тақозо карда мешавад. Хулоса шудааст, ки айни замон ташаккули эътимоднокии аҳолӣ ва соҳибкорӣ ба давлат, аз ҷумла ба мақомоти андоз  вазифаи асосии мақомоти андоз баҳри баланд бардоштани фарҳанги андоз ба ҳисоб меравад.

Калидвожаҳо

tax culture, taxpayer, tax control, tax literacy, payment of taxes, tax law, rights and obligations of taxpayers

Пайнавишт

1.        Лукьяненков М.В. Налоговая дисциплина как элемент социально ответственного поведения государства, бизнеса и граждан // Известия высших учебных заведений. – Поволжский регион. Общественные науки. 2007. - №3. – С. 32 – 33.

2.        Галухин А.В. К вопросу о налоговом поведении и повышении налоговой культуры налогоплательщиков // Социальное пространство: Социально – экономические исследования.- 2019. - 1(18). – С. 1- 8.

3.        Гончаренко Л.И., Осетрова Н.И. О новой дисциплине: современные тенденции в формировании налоговой культуры// Налоги и налогообложение. – М., 2007. - № 11. – С. 55.

4.        Захарьин П. А. Экономическая социология: исследования налоговой культуры и этики // Изв. Рос. гос. пед. ун-та им. А.И. Герцена. СПб.– 2013. – №156. – С. 152 – 157.

5.        Маълумоти ҳисоботии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2021.

6.        Мирошниченко Л. Н. Налоговые обязательства как одна из функций культуры общества // Культурная жизнь Юга России. – М., 2009. – № 5. – С. 130-132.

Таърихи нашр

Понедельник, 15 Ноябрь 2021