0.0/5 оценка (0 голосов)

МАСЪАЛАИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ДАР ТАҶРИБАИ СИЁСИИ ҶОМЕАИ ТОҶИК

Муаллиф (он)

Саидзода Ш.Ш.

Чакидаи мақола

Мавзӯи таҳаммулпазирӣ ва аҳамияти он дар таҷрибаи сиёсии ҷомеаи тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Таҳаммулпазирӣ ҳамчун яке аз сифатҳои муҳим дар раванди тақвияти муносибати байни шаҳрвандон, шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳокимияти сиёсӣ, ҳокимияти сиёсӣ ва ташкилотҳои сиёсӣ таҳлилу баррасӣ гардидааст. Ҷиҳати дуруст инъикос намудани масъалаи мазкур паҳлӯҳои гуногуни масъалаи таҳаммулпазирӣ таҳқиқ шудааст. Нуктаи назари олимон оид ба мавзӯи таҳаммулпазирӣ, таҳаммулпазирии сиёсӣ, аҳамияти мавҷуд будани таҳаммулпазирӣ дар раванди ҳалли низои сиёсӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ бо мисолҳои мушаххас инъикос гардидааст. Таҷрибаи ба даст омадани сулҳи тоҷикон ва чи гуна мавриди истифода қарор гирифтани таҳаммулу гузашт дар муколамаи байни ҷонибҳо, баррасӣ гардидааст. Ҳамчунин то куҷо набудани фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ақидаву андешаҳои диниву сиёсии байни шаҳрвандон ба ташаккули ҳаракатҳои ифротиву тундгароӣ ва терроризм, ба суботу амнияти ҷомеа, ба пешравии давлат монеаи ҷиддӣ пеш меорад, мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва наздик гардидани равобиту ҳамкориҳои намояндагони фарҳангу тамаддунҳои гуногун таҳаммулпазирӣ яке аз омилҳои асосии ҳифзи субот ва касб кардани донишу таҷрибаи ҳамдигар ҳисобида мешавад. Дар асоси хулосаҳои мақола, як қатор таклифҳо ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани тарбияи таҳаммулпазирӣ дар раванди иҷтимоисозии сиёсӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод гардидааст.

Калидвожаҳо

таҳаммулпазирӣ, ҷомеаи тоҷик, принсипҳои демократия, плюрализми сиёсӣ, радикализми динӣ, арзишҳои сиёсӣ, суботу амнияти ҷомеа, раванди сиёсӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон

Пайнавишт

1.        Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш.Душанбе, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 таҳти №94. Маводи электронӣ. Суроғаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?rgn=31987 (Санаи муроҷиат 07.03.2021)

2.        Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Ганҷ, 2016. 135 саҳ.

3.        Луфов М.Т. Таҳаммулпазирӣ – муаммои тарбиявии ҷомеа / Дар роҳи тарбияи ҷомеаи солим. – Конибодом: Вектор-Канд, 2015. – С. 102-106

4.        Мчедлов М.Н. Толерантность. – М.: Республика, 2004. 416 с.

5.        Маҳмадов А.Н. Муколама – падидаи ризоияти миллӣ / Ҳикмати таҳаммул. – Душанбе: Ирфон, 2014.  – С.87-97.

6.        Одилов Н. Роҳбаре бо хиради Хусравонӣ / Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо. – Душанбе: Адиб, 2015. – С. 131-140

7.        Рахимов М.Х. Толерантность – основа мира. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 196 с.

8.        Раҷабов И.Ш. Нақши маърифати динӣ дар таъмини суботи сиёсӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ / Масъалаҳои рӯзмарраи инкишофи давлати муосир. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-аназриявӣ (ш.Душанбе, 25-26-уми январи соли 2018). – Душанбе: Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2018. – C.74-84.

9.        Саидзода Ш.Ш. Ҳамкории давлат бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз омилҳои фаъолнокшавии шаҳрвандон / Маҷаллаи илмӣ-назариявии Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ. №1 (78) 2019. С. 165-174.

10.    Саидов Ш.Ш. Ҷавонон ва давлати миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ. – Душанбе: Ирфон, 2015. – 156 с.

11.    Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ. Ҷилди 2. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 945 с.

12.    Шаъбонов Н.Н. Мафҳум ва моҳияти илмии таҳаммулпазирии сиёсӣ / Масъалаҳои актуалии равандҳои сиёии Тоҷикистон (Маҷмӯаи мақолаҳои илмию таҳқиқотӣ) Қисми  IV. – Душанбе: РТСУ, 2016. – С. 35-42.

13.    Шаъбонов Н.Н. Таносуби таҳаммулпазирии ҷавонони донишҷӯ дар ҷомеаи тоҷик. / Масъалаҳои актуалии равандҳои сиёсии Тоҷикистон. Қисми 3. – Душанбе: Эр-граф, 2015.). – С.39-47

14.    Шаъбонов Н.Н. Ташаккулёбии таҳаммулпазирии сиёсӣ ҳамчун омили муҳими маданияти сиёсӣ дар ҷомеа / Тоҷикистон дар масири истиқлолият ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ: маводҳои конференсияи илмӣ-назриявии ҷумҳуриявӣ (шаҳри Душанбе, 5-6-уми январи соли 2017). – Душанбе: Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2017. – С.23-34.

15.    Эмомали Рахмон. Мевляна говорит на понятном всем «языке сердца» / Журнал «Диалог Евразия». Издание Платформы Диалог Евразия, Зима-Весна 2008, – №27.

16.    Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар мавзӯи «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам. Суроғаи эл.: http://president.tj/node/2864(Санаи муроҷиат 17.01.2021 с.)

17.    Эмомалӣ Раҳмон. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи асри XXI / Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди сеюм. – Душанбе: Ирфон, 2002. – 469 с.

18.    Эмомалӣ Раҳмон. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Cуроғаи электронӣ: http://president.tj/node/24374 (Санаи муроҷиат 05.03.2021)

Таърихи нашр

Среда, 07 Июль 2021