0.0/5 оценка (0 голосов)

ЭЛИТАИ ДИПЛОМАТӢ: МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ ОН

Муаллиф (он)

Давлатов У.Н.

Чакидаи мақола

Мафҳум ва моҳияти элитаи дипломатӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шудааст. Элитаи дипломатӣ ҳамчун қисмати муҳимми элитаи сиёсӣ шинохта шуда, ҷиҳатҳои хосаи он мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Нақши элитаи дипломатӣ дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ муҳим шуморида шудааст.Якчанд дидгоҳҳо оид ба мафҳум ва моҳияти элитаи дипломатӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Таваҷҷуҳи хоса ба меъёрҳои ташаккулёбии элитаи дипломатӣ карда шудааст. Донишмандӣ, меъёри ахлоқӣ, суханварӣ, маҳорати муҳокимаронӣ ва бурдани музокирот, вафодорӣ ба манфиатҳои миллату давлати хеш ва принсипҳои дипломатия ҷиҳатҳое эътироф гардидаанд, ки новобаста аз макон ва замон барои ташаккули элитаи дипломатӣ муҳимманд. Тағйирпазирии меъёрҳо ва талабот ба элитаи дипломатӣ зикр шудааст. Изҳори ақида шудааст, ки  вобаста ба замон ва макон сифату маҳорати дипломатӣ низ тағйир мепазирад. Хусусан дар шароити имрӯза доштани дониши муосири технологӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ барои дипломат тавсия мешавад. Ба меъёрҳои муқарраршудаи дохилӣ ва байналхалқӣ ҷавобгӯ будани ташаккули элитаи дипломатӣ зарур маҳсуб гардидааст. Хусусан бохабар будани дипломатҳо аз самтгирии раванди ҷаҳонишавӣ ва ҷараёнҳои нави рушди иқтисодӣ муҳим дониста шудааст. Ташкили дурусти элитаи дипломатӣ кафолати самаранокӣ дар сиёсати хориҷӣ ва дохилии давлат арзёбӣ гардидааст.

Калидвожаҳо

элитаи сиёсӣ, элитаи дипломатӣ, дипломатия, сиёсати хориҷӣ, дипломатия, сиёсати хориҷӣ,меъёрҳо, музокирот, давлат

Пайнавишт

1.                  Diana Digol. Emerging Diplomatic Elites in Post-Communist Europe. Florence, March 2007. 234 c.

2.        Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. ҷилди 5 - Душанбе: «Адиб», 2008. -480 с.

3.        Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома.ҷилди 8 — Душанбе: «Адиб», 2009. - 480 с.

4.        Ализода Н. А. Ташаккул ва инкишофи эволютсионии элитаи сиёсӣ дар ҷомеаи тағйирпазиранда (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ. Душанбе 2019. 163. - С. 14-39.

5.        Ашин Г.К. Элитология: история, теория, современность: монография / Г.К. Ашин. Моск. гос. ин-т междунар. отношений (ун-т) МИД России, каф. философии. — М. : МГИМО-Университет, 2010.-600 с.

6.        Ашин Г. Формирование дипломатической элиты. http://www.politnauka.org/library/elit/ashin.php.Санаи муроҷиат 10.11.2020.

7.        Зонова Т. В. Дипломатия: Модели, формы, методы: Учебник для вузов / Т. В. Зонова. — 2-е изд., испр. — М.: Издательство «Аспект Пресс», 2014. — 348 с.

8.        Мирбобоев А., Юсупов М., Каримов М. Муқаддимаи таърихи дипломатияи тоҷик. Хуҷанд-Ношир 2009, 212 с.

9.        Мирзоев Ғ. Дипломатия: қоида ва меъёрҳои ташрифотӣ. – Душанбе: «Ирфон», 2014.-336 с.

10.    Нодар Мосаки. Особенности дипломатической элиты Грузии (Асосҳои элитаи дипломатии Гурҷистон). Международные процессы. Том 14. № 2, с. 141-162.  DOI 10.17994/IT.2016.14.2.45/11. (Санаи муроҷиат 10.11.2020).

11.    Парето В. Трансформация демократии/ пер. с итал. М.Юсима. - М.:Издательский дом «Территория будущего», 2011 .(Серия «Университетская библиотека Александра Погорельского»).—2008, 201с.

12.    Попов В.И. Современная дипломатия: теория и практика: Курс лекций. Часть 1: Дипломатия – наука и искусство/ДАМИД РФ. – М.: Научная книга. 2000. 576 с.

13.    Потемкин В. История дипломатии. Том 1. - Изд. Дом: «ОГИЗ». М.,- 1941. 566 с.

Таърихи нашр

Вторник, 16 Ноябрь 2021