0.0/5 оценка (0 голосов)

БАҲОДИҲИИ ИҚТИДОР ВА ТАМОЮЛИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ АСОСИИ ҶАМЪОВАРИИ АНДОЗ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Муаллиф (он)

Маъмуров А.М., Исматов Х.Ҳ.

Чакидаи мақола

Ҷанбаҳои назариявию методии ҷамъоварии андоз чун ҷузъи муҳими маъмурикунонии андоз таҳқиқ гардидааст. Тамоюли нишондиҳандаҳои воқеии ҷамъоварии андоз, инчунин дигар нишондиҳандаҳои иқтисодии минтақа арзёбӣ гардида, суръати тағйирёбии онҳо дар солҳои охир муайян ва шарҳ дода шудаанд. Афзоиши ҷамъоварии андоз ба  буҷети минтақа таҳлил гардида, вазни қиёсии воридоти андозӣ дар қисми даромади умумии буҷети минтақа муайян карда шудааст. Иқтидори андозии минтақа бо роҳи арзёбии тамоюли тағйирёбии шумораи умумии андозсупорандагон ва намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ муайян карда мешавад. Дар заминаи таҳқиқ нишондиҳандаҳои арзёбии сифатии фаъолияти мақомоти андоз ва самтҳои беҳтар намудани самаранокии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ошкор карда шудаанд.

Калидвожаҳо

минтақа, мақомоти андоз, ҷамъоварии андоз, иқтидори андоз, маъмурикунонии андоз, механизми андоз, воридоти андоз, самаранокии фаъолият 

Пайнавишт

1.        Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2021 [манбаи электронӣ]. URL: http://www.president.tj/node/25005 (санаи истиводабарӣ: 01.02.2021 г.).

2.        Джабборов Р.Т. Инвестиционные налоговые льготы: краткий обзор // Налоговый вестник (специальный выпуск). Издание Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан (август 2018 г.) – С.38.

3.        Жукова Н. А. Сбор налогов как инструмент управления региональной экономикой: автореф. дис. ... канд. экон. наук: 08.00.05 / Н. А. Жукова – М., 2002. -22 с.

4.        Ҳисоботҳои Раёсати андоз дар вилояти Суғд барои давраи солҳои 2014-2019.

5.        Омори солонаи вилояти Суғд: Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, 2020. - С. 326.

6.        Омори солонаи вилояти Суғд: Тоҷикистон 25-соли истиқлолияти давлатӣ  Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, 2016. – С. 617

7.        Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: ТоРус, ТоРус, 2020. ‒ С.218.

8.       Солехзода А.М. Особенности и перспективы участия Республики Таджикистан в Плане BEPS / А.М. Солехзода // Налоговая политика и практика. – М.: Изд-во экономико-правовой литературы, 2018. – №7 (187). – С. 78-80. ISSN: 2071-525.

9.        Улугходжаева Х.Р., Основные тенденции формирования налоговой политики Таджикистана в переходный период: теория и практика / дисс…д-ра экон. наук. Худжанд, 2014. –315 с.

10.  Шеина А.Ю. Инструментарий оценки влияния организационных инноваций на результаты деятельности налоговых органов: дисс ... канд. экон. наук: 08.00.05 / А.Ю. Шеина. - Уфа, 2015. - 166 с.

11.  Шогунбеков М. В. Совершенствование механизма налогово-бюджетной поддержки развития региона (на материалах Согдийской области РТ): дисс...канд. экон. наук: 08.00.05 / М.В. Шогунбеков. Худжанд, 2018. - 135 с.

Таърихи нашр

Среда, 07 Июль 2021