0.0/5 оценка (0 голосов)

Нақши васоити ахбори оммаи Давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар ташаккули имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф (он)

Рустамзода З., Акмалова М.А.

Чакидаи мақола

Дар мақола нақши васоити ахбори оммаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар ташаккул ва рушди имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Муаллиф таъмини амнияти иттилоотӣ ва муаррифии кишварро тавассути ВАО-и хориҷӣ яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати давлатӣ донистааст. Дар мақола инъикоси ҷиҳатҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар ВАО-и кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мавриди омўзиш қарор дода шудааст. Муаллиф зикр намудааст, ки ВАО-и кишварҳои Иттиҳои Аврупо чун “Euronews”, “The European Times”, “EP Today”, “Diplomat Magazine”, “Diplomatic World”, “The Brussels Times” ва “Knowledge Center Review” дар шаклгирии симои мусбати Тоҷикистон, муаррифии авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ ва иқтидори сармоягузории кишвар нақши муҳим доранд. Инчунин ба инъикос ёфтани ташаббусҳои сатҳи байналхалқии Тоҷикистон дар ВАО-и кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳ карда шудааст. Ба андешаи муаллиф инъикоси маводҳои мухталиф перомуни Тоҷикистон дар ВАО-и кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар амалишавии дипломатияи иттилоотии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ заминаи муҳим гузошта метавонад. Аз ҷониби муаллиф як қатор тавсияҳо барои беҳтар намудани ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ироа шудаанд.   

Калидвожаҳо

сиёсати хориҷӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, ВАО, истиқ¬лолияти энергетикӣ, дипломатияи иттилоотӣ, иқтидори сармоягузорӣ 

Пайнавишт

1.                  Сомонаи расмии ВКХ ҶТ, http://mfa.tj/tj/pravovaya-osnova-vp/kontcepciya-vneshney-politiki-respubliki-tadzhikistan.html (санаи муроҷиат: 16.03.2020)

2.                  Шарифзода А., Гафуров А. Архитектор мира.  - Брюссель, 2012. –215 с. 

3.                  Солиев Р.А. Таджикистан – Европейский союз: Взаимовыгодное партнерство. - Душанбе – Брюссель. 2016. – 102 с.

4.                  Сомонаи расмии  «TheEuropeanTimes», http://emagazine.european-times.com/tajikistan (санаи муроҷиат: 16.03.2020)

5.                  Сомонаи расмии Сафорати ҶТ дар Брюссел, http://www.tajikembassy.be/content/celebration-21st-anniversary-independence-republic-tajikistan-brussels (санаи муроҷиат: 16.03.2020)

6.                  Сомонаи расмии ширкати бонуфузи машваратии «TheEuropeanTimes», http://www.european-times.com/countries/interview-minister-foreign-affairs-republic-tajikistan-european-times-magazine/  (санаи муроҷиат: 22.03.2020)

7.                  Сомонаи расмии нашрияи «DiplomaticMagazine», http://www.diplomatmagazine.nl/2014/11/03/results-sco-summit-dushanbe-2014/

8.                  Саҳифаҳои расмии нашрияи «DiplomaticMagazine», http://www.diplomatmagazine.nl/2015/03/01/water-life-2005-2015/, http://diplomatmagazine.nl/2015/05/25/the-international/decade-for-action-water-for-life,http://www.diplomatmagazine.nl/2015/05/03/water-for-life-tajikistan-june-9-to-11-2015/ (санаи муроҷиат: 16.01.2020)

9.                  Сомонаи расмии Сафорати ҶТ дар Шоҳигарии Белгия, http://tajikembassy.be/content/invest-forum-tajikistan-%E2%80%93-belgium-brussels. (санаи муроҷиат: 16.02.2020)

10.               Сомонаи расмии Нашрияи Парлумони Аврупо «EPToday», http://eptoday.com/tajikistan-turn-water-cooperation/(санаи муроҷиат: 22.03.2020)

Таърихи нашр

Понедельник, 14 Сентябрь 2020