0.0/5 оценка (0 голосов)

Муҳоҷирати меҳнатӣ чун тарзи ҳалли масоили бекорӣ дар минтақаи дорои нерӯи баризофаи корӣ

Муаллиф (он)

Абдуллоева Адолатҷон Толибҷоновна

Чакидаи мақола

Дар асоси таҳлили додаҳои оморӣ собит  карда мешавад, ки иқтисодиёти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол низ дорои нерўи баризофаи корӣ мебошад. Афзоиши ҳарсолаи аҳолии аз лиҳози иқтисоди  фаъол, ки дар  иқтисодиёт машғули кор нестнл, таъкид шудааст. Пешгўӣ шудааст, ки дар сурати тағйир наёфтани вазъият  сатҳи нерўи бариловаи корӣ дар минтақаҳои мамлакат  боло хоҳад рафт. Тибқи арзёбӣ ба сабаби коҳиши  талабот ба нерўи корӣ вазъият боз ҳам мураккабтар хоҳад шуд.  Дар асоси таҳлил муаллиф ба хулоса расидааст, ки  муҳоҷирати меҳнатӣ роҳи ягонаи ҳалли масъалаи  баризофагии нерўи корӣ дар минтақа мебошад. Оид ба такмили  сиёсати муҳоҷират тавсияҳо пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, пешниҳод гардидааст, ки механизми иттилоотию таҳлилии амалигардонии сиёсати иштиғол ва сиёсати муҳоҷират такмил дода шавад. Зарурати татбиқи танзими давлатии бозори меҳнат  дар шароити баризофагии нерўи корӣ таъкид гардидааст.

Калидвожаҳо

баризофагии нерўи корӣ, бекорӣ, иштиғол, захираҳои меҳнатӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, такмили сиёсати муҳоҷиратӣ

Пайнавишт

1.  Омори ҳарсолонаи вилояти Суғд (Маҷмӯи оморӣ). – Хуҷанд: Оҷонсии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, 2019. – 356 с.

2.    Ашмаров И.А. Рынок труда и его особенности в переходной экономике // Научные ведомости Белгородского государственного университета. Серия: Экономика. Информатика. – vol. 11-1. – № 9 (64). –2009. - С. 31-36.

3.     Бавыкина Е. Н., Гущина С. С., Корецкая Т. В. Качественный анализ рынка труда молодых специалистов // Научно-методический электронный журнал «Концепт». – 2018. – Т. 31. – С. 1446–1450.

4.    Колмакова И.Д. Социально-экономические особенности регионального рынка труда// Вестник ОГУ. – 2004. – № 2. – С.102-105.

5.    Мальцева Е.С. Региональный рынок труда и проблема маятниковой трудовой миграции // Вестник Череповецкого государственного университета. – 2012. – № 3, т. 1. – С. 41-44.

6.    Чернявская О.В. Рынок труда // http://studbooks.net/53981/economica/rynok_truda [Дата обращения: 10.03. 2019].

Таърихи нашр

Четверг, 10 Сентябрь 2020