0.0/5 оценка (0 голосов)

Нақши хоҷагиҳои хонавода дар раванди ташкилёбии бозори озуқаи минтақа

Муаллиф (он)

Дониёров Ҷамшед Музаффарович

Чакидаи мақола

Дар мақола хоҷагиҳои хонавода ҳамчун қисми таркибии низоми иқтисодии минтақа баррасӣ шудааст, аҳамият ва мавқеи онҳо дар ташаккули бозори озуқа дар низоми истеҳсолоти ҷамъиятӣ чун унсури сохтории амсилаи гирдгардиши захираҳо, маҳсулот ва даромадҳо, ки бо ширкатҳои соҳибкорӣ ва мақомоти идораи давлатӣ  ҳамкорӣ менамоянд, ошкор гардидааст. Нақши хоҷагии хонавода дар раванди такмили ҳаҷм ва сохтори истеъмоли молҳои озуқа нишон дода шудааст. Муайян карда шудааст, ки мавқеъи ҷойгиршавии хоҷагиҳои хонавода ва шумораи аъзои онҳо ба суръати инкишофи бозори озуқа таъсири гуногун мерасонад. Сохтори хароҷоти пулӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст, саҳми калони хариди молҳои озуқаворӣ дар оилаҳои шаҳрӣ бар хилофи оилаҳои  деҳот, ки бештар аз хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо озуқа таъмин мегарданд, муайян карда шудааст.  Дар мақола мафҳуми «конъюнктура»-и бозор баррасӣ гардида, сатҳҳои гуногуни он, ҳамчунин манбаъҳои  ташаккули даромаду хароҷоти пулии аҳолӣ тавсиф шудаанд

Калидвожаҳо

хоҷагии хонавода, иқтисодиёти оилавӣ, бозор, пешниҳодот, буҷаи оилавӣ, даромад, хароҷот

Пайнавишт

1.        Ахмедова М.М. Домашнее хозяйство в системе национальной экономики и его роль в развитии рыночных отношений Республики Таджикистан: автореф. дисс…канд. экон. наук. - Худжанд, 2012. – 14 с.

2.         Статистический ежегодник Согдийской области за 2017 г. - 367с.; за 2018 г. – 395 с. [электронный ресурс] http://www.sugdstat.tj

3.        Исмаилова М.М. Влияние инфляции на доходы и уровень жизни населения в переходной экономике Таджикистана /М.М. Исмаилова//  Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. – 2013. – № 2/3 (111). – С. 257 – 262.

4.        Рахмон, Эмомали. Послание Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан. 26.12.2018. - С.11.

5.        Байматов А.А. Инновационный маркетинг: стратегия создания новой потребительской ценности //Вестник ТГУПБП- 2018.- №1(74). -С.13-20.

6.        Аминов И. Причины, сдерживающие развитие малого и среднего бизнеса// Вестник ТГУПБП. – 2014. - №2(58). - С. 54-63.

Таърихи нашр

Пятница, 30 Август 2019