0.0/5 оценка (0 голосов)

Масъалаҳои рушди саноати шаробкашӣ дар Вилояти Суғд

Муаллиф (он)

Умарова Саодатхон Ибрагимовна

Чакидаи мақола

Масъалаҳои рушди саноати шаробкашӣ дар вилояти Суғд  дар шароити бозоргонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Масоили асосии ҳалнашуда, ки садди роҳи инкишофи соҳаи шаробкашию токпарварии ватанӣ мешаванд, аз ҷумла набудани  регламенти технологӣ ба маҳсулоти шаробкашӣ, вобастагии истеҳсолкунандагон аз ашёи хоми воридотӣ, сатҳи пасти рақобатпазирии махсулоти шаробкашии ватанӣ ва ғайра ошкор  карда шудаанд. Ҳини коркарди механизми эҳё ва рушди саноати шаробкашӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин баррасии масъалаи  таъсиси индустрияи спирти ангур дар асоси  ҳавасмандгардонии  истеҳсолкунандагон ба афзоиши  масоҳати токзор ба мақсад мувофиқ мебошад.  Таъкид шудааст, ки ҳосили токзорро  дар истеҳсоли спирти худӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар раванди арзёбии дурнамои ташкили соҳаҳои токпарварӣ ва шаробкашӣ дар вилояти Суғд нуктаи зеринро дар назар  доштан лозим аст: дар минтақа барои рушди соҳаи шаробкашӣ, ки ба буҷет фоидаи калон оварда метавонад, ҳамаи  шароитҳо мавҷуд аст.

Калидвожаҳо

саноати шаробкашӣ, вилояти Суғд, барқарор кардани саноати шаробкашии Тоҷикистон, индустрияи  спирти ангур, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон, афзоиши масоҳати токзор

Пайнавишт

1. Аварский Н. и др. Развитие виноградарско-винодельческого сектора в Европейском союзе // Экономика сельского хозяйства России. – 2015. - №8. - С.82-85.

2. Азимов А.Р. Лучшие промышленные сорта в Ленинабадской области // Садоводство. - 1980.- №11.- С.1-4.

3. Портер М. Международная конкуренция. - М: Международные отношения, 1993. –896с.

4. Статистический ежегодник Согдийской области.- Худжанд, 2018.- С. 124-145.

5. Умарова С.И., Мадаминов А.А. Развитие виноградарства и пути повышения его эффек­тивности в Согдийской области // Кишоварз ТАУ.- Душанбе, 2014.- №3.- С. 111-113.

Таърихи нашр

Пятница, 30 Август 2019