Дар мақола ҷанбаҳои баҳсталаб нисбат ба ҷорӣ намудани қоидаҳои нави мурофиавӣ ва масоили дахлдори ниҳодҳои ҳимоя ва дастгиркунӣ тибқи ислоҳоти КМҶ Ҷумхурии Қирғизистон (аз соли 2017, аз 1 –январи соли 2019 ҷорӣ гардид) баррасӣ гардида, роҳи халли онҳо аз назари муаллифон нишон дода шудааст. Тибқи таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии меъёрҳои қонунгузории мурофиаи ҷиноятии Қирғизистону Қазоқистон, ки ба дастгиркунӣ алоқаманданд, инчунин бо дарназардошти муносибати танқидӣ нисбат ба мўҳтавои қоидаҳои (нуктаҳои) мурофиавии аз тарафи ниҳоди мавриди назар танзимшаванда, мавқеи муаллифон нисбат ба меъёрҳои пешниҳоднамудаи қонунгузори Қирғизистон муайян карда шудааст. Муаллифон оқибатҳои номатлуби нуктаҳои ба Қонуни мурофиаи ҷиноятии Қирғизистон воридгардидаро бо далелҳо ба исбот расонида, пешниҳодҳояшонро оид ба тағйироту иловаҳо ба Қонуни мазкур асоснок кардаанд. Тавсияҳои алоҳидаи муаллифон метавонанд, барои олимони ҳуқуқшиноси на танҳо Ҷумҳурии Қирғизистон, балки дигар мамолики ИДМ чун роҳнамо хизмат кунанд.
дастгиркунии воқеӣ, дастгиркунии мурофиавӣ, қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ, манфиатҳои ҳуқуқӣ,қонун, ҳимоятгар
1. Уголовно-процессуальный кодекс Российской Федерации (действующая редакция 18.12. 2001 за № 174-ФЗ) / http://rulaws.ru/upk-rf/
2. Исаева К. А., Абдукаримова Н.Э., Воронцова И.Н. К вопросу об отдельных тенденциях реформирования уголовно-процессуального законодательства в странах СНГ // Полицейская и следственная деятельность. -2018 –№ 2. – С. 9-15.
3. Уголовно-процессуальный кодекс Республики Казахстан от 4 июля 2014 года № 231-V (с изменениями и дополнениями по состоянию на 01.07.2018) / http: online.zakon.kz/Document/?doc_id=31575852
4. Уголовно-процессуальный кодекс от 2 февраля 2017 года № 20 (введен в действие 01.01.2019) / https://online.zakon.kz/
5. Уголовный процесс: учебник / Под ред. В.П. Божьева (3-е изд., испр. и доп.). - М.: Спарк, 2002. - 704 с.