0.0/5 оценка (0 голосов)

Муносибатҳои методӣ ба ташаккули кластерҳои минтақавии агросаноатӣ дар Тоҷикистон

Муаллиф (он)

Базаров Шавкат Шарифович, Бегов Дилшод Мирзомуродович

Чакидаи мақола

Муносибатҳои методӣ ба ташаккули кластерҳои минтақавии агросаноатӣ дар Тоҷикистон чун самти стратегии баланд бардоштани рақобатпазирии  КАС аз ҳисоби омезиши оқилонаи ташаббусҳо аз «боло» ва «поён» баррасӣ шудаанд. Амсилаи ташак­кули кластерҳо бо назардошти принсипи  муттаҳидшавӣ, амсилаи интегратсия, миқёси дарбаргирӣ, дараҷаи  самтгирӣ ба бозор, ҳамчунин намуди кластер, ядрои он ва иштирок  дар он коркард шудааст. Таъкид гардидааст, ки дар доираи кластери агроса­ноатӣ ташаккул додани кооперативҳои матлубот бо имкони дастрасӣ  ба бозорҳои устувори таъмин ва фурӯши маҳсулоти тайёр, шартҳои имтиёзноки қарздиҳӣ ва таҷаммӯи муассисаҳои машваратӣ, молиявӣ, бима ва қарзӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ташаккули кластерҳои инноватсионию татбиқшаванда ва ба кластерҳои агросаноатӣ дохил кардани мактабҳои олӣ мудаллал карда шудааст. Амсилаи  консептуалии кластерҳои ояндадор дар КАС-и минтақавии  Тоҷикистон, ҳамчунин намуду самтҳои ба вуҷуд овардани кластерҳои агросаноатӣ  бо назардошти самтгирӣ ба содирот ва ҷойгузинии воридот пешниҳод гардидаанд.

Калидвожаҳо

кластер, кластери агросаноатӣ, КАС-ҳои минтақавӣ, амсилаи ташаккули кластерҳо, воридот, ҷойгузинии воридот

Пайнавишт

1.    Базаров Ш.Ш. ДФХ: вызовы и перспективы. – Душанбе, НАСИП-АПК, 2017 – 24 с. 

2.    Базаров Ш.Ш. Предпосылки и возможности развития кооперации в сельском хозяйстве Таджикистана. - Душанбе, МОТ - НАММ, 2011. - 112 с.

3.    Жакашев Б.Р. Особенности формирования и развития кластеров в АПК Казахстана// Экономика сельскохозяйственных и перерабатывающих предприятий. – 2009. – № 9. – С. 80.

4.    Михайлов А. Формирование и развитие конкурентоспособных отраслевых кластеров АПК регионов (на примере Курской области) // Экономика сельскохозяйственных и перерабатывающих предприятий. – 2009. – № 12. – С. 7-8.

5.    Терешин Е.М. Принципы кластерных объединений в российской экономике // Экономика сельскохозяйственных и перерабатывающих предприятий. – 2011. – № 3. – С. 57.

6.    Хухрин А.С. Формирование молочного кластера Самарской области: отраслевой или системно-синергетический подход // Экономика сельскохозяйственных и перерабатывающих предприятий. – 2010. – № 10. – С. 35-38.

Таърихи нашр

Среда, 28 Август 2019