0.0/5 оценка (0 голосов)

Муаммоҳои рушди зермаҷмӯи истеҳсол ва коркарди меваю сабзавот дар Вилояти Суғд

Муаллиф (он)

Дадобоев Алишер Тоҳирҷонович

Чакидаи мақола

Дар мақола муамммоҳои зермаҷмӯи истеҳсол ва коркарди меваю сабзавоти вилояти Суғд дар шароити бозорӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таҳлили вазъи корхонаҳои коркард, муносибати иқтисодии онҳо бо хоҷагиҳои кишоварзӣ, динамикаи ҳаҷми захираи меваю сабзавот ҳамчун ашё, инчунин сабабҳои афзоиши хароҷот барои истеҳсоли консерваҳо гузаронида шудааст. Ҳамзамон, муаммоҳои ҳалталаби коркарди саноатии меваю сабзавот, сатҳи ҳамкориҳои  корхонаҳои коркарди вилоят бо хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) муайян гардида, пешниҳодҳо ҷиҳати амалигардонии тадбирҳои давлатӣ дар самти дастгирии иқтисодӣ, рушди менеҷмент ва гузаронидани тадқиқотҳои маркетингӣ дар заминаи корхонаҳои консервабарорӣ, инчунин, ҳамҷоясозии онҳо бо корхонаҳои хурд пешниҳодҳои қайд гардидааст. Самтҳои такмили сиёсати нархӣ, нуқтаи назари асосии ташаккулёбии нарх ба маҳсулоти тайёр баҳри баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозорҳои гуногуни фуруш ва самтҳои омодасозии мутахассисони касбӣ барои соҳа асоснок карда шудааст.

Калидвожаҳо

зермаҷмӯи истеҳсол ва коркарди меваю сабзавот, маркетинг, муносибатҳои иқтисодӣ, менеҷмент, сиёсати нархӣ, нархгузорӣ, бозор

Пайнавишт

1. Статистический ежегодник Согдийской области. – Худжанд, 2017. - С. 124-145.

2. Ешьте больше фруктов//Электронная публикация http:// www.kulina.ru  /articles/diet/all/ krasotaizdorove/doc_31/

3. Медведева Т.П., Кучерова Н.В. Развитие и систематизация концепций маркетинга в современных условиях// Известия Оренбургского государственного университета.- 2012.- №2(34). - С.168-171.

4. Минаков И.А. Проблемы возрождения промышленного овощеводства //Экономика сельскохозяйственных и перерабатывающих предприятий. - 2008. - №3. - С.27-30.

5. Шведова И.А., Кузнецова Т.Е. Книга директора по маркетингу производственного предприятия - СПб., 2008.- С. 105-109.

6. Отчеты ГУП «Хуроквори» Согдийской области за 2013-2017 годы.

Таърихи нашр

Понедельник, 07 Май 2018