Дар мақола масоили иштиғол дар бозори меҳнатии минтақа мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Бо ин мақсад моҳияти бозори меҳнатии минтақа, вижагиҳои махсуси он ва омилҳои ба он таъсиркунанда муайян карда шудаанд. Дар асоси таҳлили омилҳо ва натиҷаи мушоҳидаҳо, сабабҳои пайдоиши муаммоҳо дар бозори меҳнати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мувофиқат накардани талабот ба меҳнати пешниҳодшуда ҳам аз ҷиҳати ҳаҷм ва ҳам аз ҷиҳати сохтор ошкор карда шудаанд. Инчунин, сиёсати ҷории давлат дар ҷодаи шуғли аҳолӣ таҳлил карда, самарабахшии он дар ҳалли масоили ошкоргардида муайян карда шудааст. Зарурати тавсеаи дастгоҳи методии сиёсати иштиғол барои таъмини самарабахшӣ ва нишонрасии он бо назардошти вижагиҳои минтақавӣ таъкид гардидааст. Аз он ҷумла, истифодаи нисбатан васеи чораҳои ғайримустақим баҳри ҳавасмандгардонии таъсиси ҷойҳои кории нав пешниҳод шудааст.
бозори меҳнати минтақавӣ, вижагиҳои минтақавӣ, иштиғол, сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ, бекорӣ, ташкили ҷои кор
1. Болотханов Э. Б. Совершенствование механизма государственного регулирования рынка труда // Пространство экономики. - 2008. - №2-3. - С. 69-73.
2. Ефимова Е. А. Регулирование рынка труда в субъектах Российской Федерации // ПСЭ. - 2010. - №4. - С. 268-272.
3. Колмакова И.Д. Социально-экономические особенности регионального рынка труда// Вестник ОГУ. – 2004. – № 2. – С.102-105.
4. Статистический ежегодник Республики Таджикистан. – Душанбе: Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан, 2017. – 522 с.
5. Результаты отборочной кампании на обучение граждан Таджикистана в российских учебных заведениях./URL: http://tjk.rs.gov.ru/ru/news/28639 (Дата обращения: 1.05.2018)