0.0/5 оценка (0 голосов)

Идораи оптималии бизнес-равандҳои шабакаи савдо

Муаллиф (он)

Арипов Орифхўҷа Ҳабибуллоевич

Чакидаи мақола

Дар фаъолияти шабакаи савдо дар қатори молия, фаъолияти маркетингӣ ва кормандон бизнес-равандҳо яке аз таркибаҳои асосии низоми мутавозини нишондиҳандаҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи таркибаҳои мазкур, аз ҷумла бизнес-идораҳо, ки оптимизатсияи онҳо имкони ба ҳадди аксар расонидани натиҷаҳои фаъолиятро фароҳам  меорад, ба идора эҳтиёҷ доранд. Дар доираи  идораи оптималии  онҳо бояд ду вазифаи асосӣ ҳал карда шавад: оптимизатсияи сохтори  гардиши мол ва идораи оптималии захираи мол, ки дар муайян намудани ҳаҷми оптималии дастаи моли харидоришаванда, ҳамчунин дар ошкор сохтани даврияти оптималии таҳвили мол зоҳир мегардад. Зимнан ошкор сохтани ҳолати беҳтарини онҳо тибқи меъёри мушаххас пешбинӣ карда мешавад. Ҳалли вазифаҳои  мазкур дар мисоли  шабакаи мушаххаси савдои ҶСК «Планета», ки субъекти  хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад, тавзеҳу ташреҳ шудааст.  Амсилаи оптимизатсияи сохтори гардиши мол татбиқ гардидааст. Механизми ба қадри кофӣ бесулуқаи идораи  бизнес-равандҳои шабакаи савдо бо халли ду вазифаи баррасигардида маҳдуд шудааст.  

Калидвожаҳо

идораи оптималӣ, бизнес-раванд, шабакаи савдо, сохтори гардиши мол, вазифаи талабот

Пайнавишт

1.    Богер И.Б., Наумова А.В., Шаланов Н.В. Метод оценки объекта нематериальных активов с позиции рыночного подхода // Сибирская финансовая школа. – 2012. - №2(91). – С. 167-170.

2.    Каплан Р.С. Сбалансированная система показателей: от стратегии к действию. – М.: Олимп-бизнес, 2003. – 294 с.

3.    Пасерба А., Солодов В. Проекции ССП для девелопмента недвижимости: от отрасли к показателям // Экономические стратегии. – 2005. – №1. – С. 14-18.

4.    Шаланов Н.В., Югатова Ю.Н. Экономическая диагностика эффективности деятель­ности  торгового предприятия. –  Омск: Изд-во АНО ВПО «Омский экономический институт», 2008. – 116 с.

5.    Шаланов Н.В., Джурабаева Г.К., Шаланов В.О. Методы системного анализа устой­чивости развития предприятия // Вестник Белгородского университета кооперации, экономики и права. – 2008. - №2. – С. 56-61.

Таърихи нашр

Вторник, 11 Сентябрь 2018