Дар мақолаи илмӣ хусусиятҳои ташаккул ва инкишофи таълимоти судии мактаби ҳуқуқии моликия, мавқеъ ва нақши асосгузори мактаб Имом Молик ибни Анас, шогирдон ва пайравони ӯ дар рушди доктринаи ҳуқуқӣ ва таълимоти судии он мавриди тадқиқ қарор гирифтааст. Низоми сарчашмаҳои ҳуқуқии асосӣ ва иловагӣ, принсипҳои асосии доктринаи ҳуқуқӣ ва судии моликия, хусусиятҳои хоси таълимоти мактаби ҳуқуқии моликия оид ба ҳокимияти судӣ, додгустарӣ, қонуният ва адолати судӣ таҳлил шудаанд. Ба таълимоти моликия оид ба моҳият ва табиати қозигӣ, оид ба талаботе, ки нисбат ба номзад ба мансаби қозигӣ пешниҳод мегарданд, аз ҷумла одоби қозигӣ, тартиби ташкил ва баргузории мурофиаҳои судӣ, таҳқиқ ва баррасии сарчашмаҳои далелии судӣ диққати махсус дода шудааст. Ба махсусияти доктринаи судии моликия дар маънидод ва интиқоли (трансформатсияи) принсипҳои классикии исломӣ оид ба адолати судӣ ва додгустарӣ равшанӣ андохта шудааст.
мактаби ҳуқуқии исломӣ, моликия, таълимоти судӣ, ҳокимияти судӣ, этикаи додгустарӣ, адолати судӣ, далелҳои судӣ
1. Абу Умар Юсуф Куртуби. Ал-кофи фи фикхи ахлил Мадинатил молики. – Т.2. – Ар-Риёз, 1400 (х) /1980. – С. 519-1145.
2. Бёртон Дж. Мусульманское предание: Введение в хадисоведение /Пер. с англ. – СПб.: Диля, 2006. – 304 с.
3. Буриев И.Б. Судебные институты государственности досоветского Таджикистана. – Душанбе: Ирфон, 2010. – 188 с.
4. Имам Хофиз Абулфидо Исмоил ибн Касир Димашки. Ал бидояту ван-нихояту. В 16 томах. Т.10. – Мансура: Мактабат-ул имон, (б.г.и.). – 727 с.
5. Имам ал-Кози ибн Рушдил Хафид. Бидоят-ул-муджтахид ва нихоят-ул-муктасид.1-е изд. В 2-х томах. Т.2. – Каир: Дор-ул-акида, 1425 (х) /2004. – 584 с.
6. Ислам: Энциклопедический словарь. – М.: Наука, 1991. – 315 с.: ил.7. Керимов Г.М. Шариат: Закон жизни мусульман. Ответы шариата на проблемы современности. – СПб. : Диля, 2007. – 512 с.
7. Мухаммад Сулейман Абдуллах ал-Ашкар. Ал-возех фи усулил фикхи. – Уммон, 1412 (х). – 288 с.
8. Мухаммад Али ал-Кутб. Основатели четырёх мазхабов / Пер. с араб. – СПб.: Диля, 2005. – 96 с.
9. Садагдар М.И. Основы мусульманского права. – М.: Типография Университета дружбы народов имени Патриса Лумумбы, 1968. – 154 с.
10. Халлоф А. Усул-ул фиқҳ. В 4-х частях. Ч.1-2. – Ташкент: Адолат, 1997. – 221с. (на узб. яз.).
11. Холиқов А.Ғ. Ҳуқуқи исломӣ. Васоити таълимӣ. Қисми 1. – Душанбе: ООО «Ҷиёнхон», 2003. – 174 с.
12. Холиқов А.Ғ. Ҳуқуқи исломӣ (Исламское право). – Душанбе: ЭР-граф, 2010. – 476 с.
13. Шайх Мухаммад Содик Мухаммад Юсуф. Кифоя (Шархи мухтасари «Викоя» (Краткий комментарий к «Викоя»)). В 3-х томах. Т.1. – Ташкент: Шарк, 2008. - (на узб. яз.). – 536 с.