0.0/5 оценка (0 голосов)

Масъалаҳои назариявии таҳаввули мафҳуми «табиати хизмат» дар шароити ҳозираи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ

Муаллиф (он)

Боқиева У.Дж., Наҷмиддинов Ф.Н.

Чакидаи мақола

Омўзиши  табиати хизмат дар шароити муосир хеле муҳим аст, зеро боло рафтани нақши он дар иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо  яке аз қонуниятмандиҳои рушди иқтисодӣ мебошад. Дар мамлакатҳои мутараққии хориҷӣ динамикаи олии истеҳсоли   хизматҳои гуногун мушоҳида  мешавад. Сатҳи инкишофи соҳаи хизматрасонӣ ба  сифати яке аз меъёрҳои рушди иқтисодҳои миллӣ баромад мекунад. Бахши хизматрасонӣ, ки дар иқтисодиёти ватанӣ дар муддати дуру дароз аз ҷумлаи соҳаҳои  афзалиятнок маҳсуб намегардид, солҳои охир ба тағйироти умда дучор шудааст. Дар мақола масъалаҳои  назариявии  тағйирёбии мафҳуми «табиати хизматрасонӣ» дар шароити бозор мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин моҳияти  мафҳуми «cоҳаи хизматрасонӣ» таҳқиқ шудааст. Таъкид гардидааст, ки соҳаи хизматрасонӣ ба яке аз соҳаҳои ояндадор ва  тезинкишофёбандаи иқтисодиёт табдил ёфта истодааст. 

Калидвожаҳо

соҳаи хизматрасонӣ, истеҳсолот, самараи иқтисодӣ, фаъолияти фоидаовар, неъматҳои моддӣ, талабот, меҳнат

Пайнавишт

1.    Агабабьян Э.М. Экономический анализ сферы услуг. - М.: Экономика, 1968. – 160 с.

2.    Белл Д. Грядущее постиндустриальное общество / Д. Белл. - М.: Academia, 2004.- 56 с.

3.    Восколович Н.А. Экономика платных услуг: учеб. пособие для студентов вузов / Н.А. Восколович. - М.: Юнити-Дана, 2007. — 399 с.

4.    Маркс К., Энгельс Ф. Сочинения. - М.: Госполитиздат. Т.2, 1955. – 645 с.

5.    Наджмиддинов Ф.Н. Исследование факторов, влияющих на развитие предпринимательской деятельности // Вестник Таджикского национального университета. Серия экономических наук.-Душанбе: Сино, 2015. - № 2/7 (178). - С.132-141 (0,63 п.л.).

6.    Раджабов Р.К., Факеров Х.Н., Нурмахмадов М., Саидова М.Х. Сфера услуг: проблемы и перспективы развития.- Душанбе: Дониш, 2007.- 544 с.

7.    Словарь иностранных слов. - М.: Русский язык, 1992.- 486 с.

8.    Словарь современной экономической теории Макмиллана. - М.: ИНФРА-М, 1997. -250с.

9.     Тоффлер, Э. Шок будущего / Э. Тоффлер. - М.: АСТ, 2004. – 148 с.

10.               Тумина Т.А. Инновационное развитие экономических систем: автореф. дис. д-ра экон. наук / Т.А. Тумина. Белгород, 2009. — 53 с.

11.               Фукуяма, Ф. Великий разрыв / Ф. Фукуяма. - М.: АСТ, 2004. – 124 с.

 12.               Шумпетер Й. Теория экономического развития.- М.: Прогресс, 1982. - 455 с.

Таърихи нашр

Вторник, 27 Февраль 2018