0.0/5 оценка (0 голосов)

Ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию ҳисобкардӣ - асоси рушди низоми ХМК

Муаллиф (он)

Раҳимова Марҳабо Абдусамадовна

Чакидаи мақола

Дар ин мақола дар доираи ислоҳоти ХМК ва ташаккули самарабахшии фаъолияти он дар давраи иқтисоди бозорӣ масоили таҷдиди инфрасохтор ва арзёбии фаъолияти инноватсионии бахши манзилию коммуналӣ мавриди  таҳлил қарор гирифтаанд. Як қисми  корхонаҳои бахшҳои мухталифи  давлатӣ аз дигаргуниҳои бозорӣ  қафо мемонад. Дар шароити ҳозира қабули қарор оид ба дигаргунсозии онҳо ва дар онҳо ҷорӣ намудани технологияҳои  пешкадам ба рушди босуръат мусоидат менамояд. Дар мақола  ба равандҳое диққати махсус дода шудааст, ки  ба таҳлил, ояндабинӣ ва нақшагирии рушди ХМК тавассути ба вуҷуд  овардани низоми ягонаи автоматонидаи шаҳрии ҳисобкарду  коркарди  додаҳои  ХМК мусоидат  мекунанд. Вазифаи  муҳимми низоми автоматонида, аз ҷумла  имкониятҳои коркарди  таъҷилию  таҳлилии додаҳо, сари вақт таҳия намудани ҳисобот оид ба  ҷамъоварии пардохт ва вазъи қарз барои хизматрасонӣ ва  ғайраро дар бар мегирад. Дар мақола  ҳамчунин ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои низоме баррасӣ шудаанд, ки ҳалли як қатор  проблемаҳои марбут ба  фардияти татбиқи низом барои ҳар шаҳр марбут аст, зарурати ташаккули амсилаи мусоид, коркарди  маҷроҳои иттилоотӣ ва молиявӣ, мутобиқгардонии барномаҳои мавҷудаи автоматонидаи корхонаҳои коммуналӣ ва дигаргунсозии онҳоро талаб мекунад. Механизми ҷорӣ намудан ва фаъолият кардани низоми ягонаи автоматонида  пешниҳод шудааст, ки модели  корхонаи коммуналии «маркази ҳисоббарор» намунаи он  аст.

Калидвожаҳо

низоми ягонаи автоматонида, корхонаи коммуналӣ. ХМК, маркази ҳисоб, ҳисобкарди пардохт, ҷамъоварии пардохт, базаи шаҳрии додаҳо. пулгузаронӣ, пункти қабул, таҳвилгарони хизмат

Пайнавишт

1.        Абдулганиев Ф.С. Управление организационно-экономическим развитием жилищно-коммунального комплекса региона: автореферат …канд. экон. наук / Абдулганиев Фарид Султанович,08.00.05. –Казань, 2009. - С.8-9.

2.        Баринов В.А., Синельников А.В. Развитие организации в конкурентной среде//Менеджмент в России и за рубежом.-2000.-№6.-С.3-13.

3.        Экономическая теория / Под ред. В. Видяпина, Г. Журавлевой. -М.: ИНФРА-М, 2008.- С.70.

4. Янковский К.Г., Мухарь И. Организация инвестиционной и инновационной деятельности. - СПб: Питер, 2007. - С. 12-14

Таърихи нашр

Вторник, 26 Апрель 2016