0.0/5 оценка (0 голосов)

Усули арзёбии низомҳои кластерӣ дар иқтисодиёти минтақавӣ

Муаллиф (он)

Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович, Исвалиев Сулаймон Ҷӯрахонович

Чакидаи мақола

Дар мақола ҷанбаҳои иқтисодию математикии ба вуҷуд овардани фаъолияти  низомҳои кластерӣ дар иқтисодиёти  минтақавӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ба ақидаи муаллифон, пеш аз таҳияи кластерҳои минтақавӣ сатҳи  ноҳиябандии иқтисодиро бо назардошти ошкорсозии ҳамҷавории субъектҳои  хоҷагидорӣ, ки имкони ворид шудан ба  иттиҳодияҳои  кластерӣ доранд, арзёбӣ кардан ба манфиати  кор аст. Зарурати ошкор сохтани вобастагиҳои регрессионию коррелятсионӣ ҳангоми таҳияи низомҳои кластерӣ  асоснок карда шудааст. Муаллифон усули арзёбии кластерро бо истифодаи усулҳои математикӣ пешниҳод кардаанд, ки ба  ошкор сохтани самарабахшӣ ё ғайрисамарабахшии фаъолияти он  мусоидат мекунад. Марҳилабандии рушди кластерӣ сурат гирифтааст ва арзёбии он, ки  панҷ марҳиларо дар бар гирифта,  натиҷаҳои ниҳонии қабули қарорҳоро ҳини таҳияи низомҳои кластерӣ муайян мекунанд, ба субут расонида шудааст.

Калидвожаҳо

кластер, низоми иқтисодӣ, иқтисодиёти минтақавӣ, ноҳиябандии иқтисодӣ, амсиласозии иқтисодӣ

Пайнавишт

1.      Грибовский, С.В., Баринов, Н.П., Анисимона, И.Н. О повышении достоверности оценки рыночной стоимости методом сравнительного анализа//Вопросы оценки. – 2002. – № 1 – С. 2 – 10.

2.      Каримов Р.А. Особенности формирования конкурентных отношений в условиях перехода к устойчивому развитию сельского хозяйства (на материалах Республики Таджикистан): автореф… дис. канд. экон. наук. – Худжанд, 2012. – 23 с.

3.      http://www.kipia.info (дата обращения: 21.01.2015).

4.      http://www.statistica.ru (дата обращения: 25.01.2015).

 5.      Fishera – i – studenta (датаобращения: 1.02.2015).

Таърихи нашр

Понедельник, 25 Апрель 2016