5.0/5 оценка (1 голосов)

Оид ба танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ, ки бо унсури хориҷӣ мураккаб шудааст

Муаллиф (он)

Урунова Санавбар Вахобовна

Чакидаи мақола

Дар мақола  муносибатҳои оилавию  никоҳӣ, ки  бо унсури хориҷӣ мураккаб гардидаанд ва дар қаламрави ҶТ  ба миён меоянд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Дар  асоси меъёрҳои қонунгузории ҶТ, меъёрҳои шартномаҳои  байналхалқии ҷумҳурӣ муаллиф кўшиш ба харҷ додааст ба масъалаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ, ки бо унсури хориҷӣ мураккаб гардидаанд, рўшанӣ андозад. Дар асоси таҳлили манбаъҳои  ҳуқуқии ватанӣ ва  хориҷӣ таъкид мегардад, ки  дар давраи ҳозираи  рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунгузориҳои миллӣ дар бобати танзими ҳуқуқии муносибатҳои  оилавию никоҳӣ, ки бо унсури хориҷӣ мураккаб гардидаанд, аз ҳам фарқ мекунанд. Мутаносибан, дар амалия лаҳзаҳое ҷой доранд, ки  ба миён омадани бархўрд (коллизия) зарурати интихоби тартиботи қонунии дахлдорро талаб мекунад, ки ба ин муносибатҳо татбиқпазир аст. Ҳамин тариқ, муайян карда шудааст, ки барои танзими қонунии  муносибатҳои ҳуқуқии хусусии дорои  хусусияти оилавию никоҳӣ меъёрҳои гуногуни коллизионӣ коркард шудаанд ва мақомоти ҳуқуқӣ бояд дар фаъолияти худ онҳоро дуруст татбиқ намоянд.

Калидвожаҳо

коллизия, муносибатҳои оилавӣ, унсури хориҷӣ, танзими  байналхалқӣ, муносибатҳои марбут ба никоҳ, ҳуқуқи хусусии байналхалқӣ, кондекси оила

Пайнавишт

1.       Международное частное право/ Под.ред. Г.К. Дмитриева.- М.:Проспект,2000. – 650 c.

2.       Галенская Л.Н. Взыскание алиментов за границей (О возможности присоединения России к Конвенции 2007 г. «О международном порядке взыскания алиментов на детей  и других форм содержания семьи») // Журнал международного частного права. - 2009. – №1. - С.3 -16.

3.       Конституция Республики Таджикистан, принятая всенародным референдумом 06  ноября 1994 года. – Интернет-источник www.mmk.tj (дата обращения: 10 октября 2015 года).

4.       Худоёров Б.Т., Махмудов М.А. Тафсири Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе. Эр-граф. 2005. – 366 с.

5.       Менглиев Ш.М. Международное частное право.–Душанбе, Изд – во ТНУ, 2013. – 736 с.

6.       Хабарова А.Ю. Правовое регулирование семейных отношений с участием иностранного элемента. //htppciberleninka.ru (дата обращения 14.10.2015.)

 

7.       Гаврилов В.В. Международное частное право. – М.: Норма-Инфра, 2002. – 540 с.

Таърихи нашр

Вторник, 26 Апрель 2016